Аз Аврупо гурезон шудани наҳзатиён
Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ зина ба зина рушд ёфта, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб намуда истодааст. Тасдиқи гуфтаҳо дар ин аст, ки санаи 5-уми ноябри соли ҷорӣ Президнети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба минтақаи Аврупо раҳсипор гардиданд. Зимни сафар Пешвои миллат аз як қатор давлатҳои Аврупоӣ ба мисоли Конфедератсияи Швейтсария дидан намуданд.
Тавре мо ҳамагон медонем Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи Аврупо яке аз шарикони рушди давлати мо ба ҳисоб рафта, муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо, чӣ иқтисодиёту сиёсат, маорифу тандурустӣ ва фарҳангу ҷавонон дар сатҳи олӣ қарор дорад.
Соле пеш Роҳбари Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Доналд Туск аз Тоҷикистон дидан карда, аз ҳолати воқеии кишвар ошно гардида таасуроташро нисбати давлати мо нек баён кард. Маҳз ҳамин омил буд, сафари расмии Президенти мамлакат ба Аврупо доир гашт ва аз ин сафар мо бардошти нек дорем. Вохӯрӣ бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария, шаҳрдори Берн, Президенти ширкати байналмилалии “Гленкор”, Раиси Шурои Раёсати Бонки миллии Швейтсария ва дар форуми соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария ширкат ва суханронӣ намуданд. Аз васоити ахбори омма баръало намоён гардид, ки чигуна ҷониби Аврупо ва махсусан Конфедератсияи Швейтсария сафари расмии Пешвои миллатро хушу хотиромон пазироӣ намуданд. Дар ин сафар байни давлатҳо созишномаҳои мушатарак дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ баста шуданд.
Сафари бобарори Президенти мамлакат аз Конфедератсияи Швейтсария аз он шаҳодат медиҳад, ки Аврупо минбаъд аз рафтору кирдори аъзоёни ба ном «Паймони миллӣ» дурӣ ҷуста, мубориза бар муқобили ифротгароиро ҷоннок менамояд. Хайрият, ки давлатҳои хориҷи ба мисоли Иттиҳоди Аврупо воқеъияти аслро мебинанду баъд нисбати аъзоёни «Паймони миллӣ» хулосабардорӣ мекунанд.
Чи хеле, ки дар урфит мегўянд: Офтобро бо доман пўшида намешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳолати воқеъии кишвари азизамонро пўшида ва бо як дурўғгўиву фиреб нишон дода намешавад. Ин ҳама сафсатабозиҳои наҳзат аст, ки гӯё давлату роҳбари миллати моро касе дар Аврупо қабул намекарда бошад. Ин дуруғи маҳз аст. Ба нотавинбинон гуфтанием, ки чашмони худро калон – калон кушоянду якбор матбуоти давриро варақгардон кунанд.
Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани
факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ