Сабабҳои асосии паҳншавии падидаҳои экстремистӣ дар Тоҷикистон
Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гуруҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи руҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Челябинск, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд.
Нисбат ба сокинони вилояти Суғд, ки дар кишварҳои араб ва дигар давлатҳои исломӣ таълимоти динӣ мегиранд, ҳаминро бояд иброз намуд, ки аксари онҳо баъди баргаштан ба Ватан, ба паҳн намудани ғояҳои ғайрианъанавии исломӣ ва ғайримазҳабӣ, аз ҷумла ҷараёнҳои “Ваҳҳобия”, “Салафия” ва ғайраҳо оғоз ва сафи худро тадриҷан аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бекор зиёд намуда истодаанд. Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зўроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони синнашон аз 16 то 18 сола, дар маҷмуъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим, хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, дар рўзномаву маҷаллаҳо шахсоне, ки барои ошкор намудани ҷинояти террористӣ ба давлат кўмак мерасонанд ва ба онҳо аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳо супорида шавад, бо иваз намудани номи онҳо ва корнамоиҳояшон бароварда шавад, то ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд манфиатдор бошанд. Тарзи роҳҳои пешгирии ҷинояти террористӣ ташвиқоту тарғибот, истифодаи матбуот, газета, баромадҳои лексионӣ, истифодаи радио, инъикоси мурофиаҳои судӣ ин намуди ҷиноят дар оинаи нилгун ва ғайраҳо нишон дода шавад.
Дар охир ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки барои мубориза бурдан бар зидди терроризм, бояд ҳамаи давлатҳо мувофиқи шартнома якҷо амал намоянд, барои он ки дар давраи муосир ин масъалаи умумиҷаҳониро дар бар мегирад.
Раҳматуллоева Райҳона Рашидовна –
муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ