Роҳҳои баланд бардоштани сифати машғулиятҳои таълимӣ дар мактаби олӣ

Имрӯз, 14 декабри соли 2023 бо ибтикори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари методӣ дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани сифати машғулиятҳои таълимӣ дар мактаби олӣ” баргузор шуд.
Дар семинар муовини ректор оид ба корҳои таълим Ҳаким Ғаюров, сардори раёсати таълим Далер Тоҷзод, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Шӯҳрат Саидзода , дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Ҷӯрабек Исомитдинов, мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ Фирқат Ҳомидзода , устодон ва донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ иштирок доштанд.
Нахуст, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ дотсент Саидзода Ш. семинарро оғоз намуда, масъалаи таълимро аз омилҳои самарабахш барои донишазхудкунии донишҷӯён муҳим арзёбӣ кард. Баъдан, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Исомитдинов Ҷ.Б. дар мавзӯи “Усулҳои таълим ва роҳҳои баланд бардоштани сифати машғулиятҳои таълимӣ” баромад намуда, якчанд роҳҳои баланд бардоштани сифати машғулиятҳои таълимиро қайд намуд.
Ҳадаф аз ташкили семинар дарёфти роҳҳои нави усулҳои фаъоли таълим ва баланд бардоштани сифати машғулиятҳои таълимӣ мебошад.
Бо мулоҳизаронии иштирокчиён семинар хотима ёфт.

You might also like