Изҳороти кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир нисбати дуруғпардозии хоинон

Мо устодони кафедраи мазкур аз сиёсат ва ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат сарфароз ва миннатдор мебошем. Дар 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо, аз он ҷумла дар соҳаи илму маориф пешравиҳои беназир дида мешавад. Барои донишомўзии хонандагон, донишҷўён ва мутахассисони ҷавон ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё  мебошад.

Дар мактабу донишгоҳҳо  мунтазам маҳфилҳо, озмунҳо, олимпиадаҳо ва конфронсҳои илмӣ-назариявӣ баргузор мегарданд, ки барои донишомўзӣ ва илмомўзии толибилмон шароит мусоид фароҳам оварда, савияи илму дониши онҳоро баланд мебардорад, ки  беҳад муҳим аст. Мо устодону омузгорон доимо ба толибилмон  мефаҳмонем, ки равияҳои террористӣ-экстремистӣ зиндагии осоиштаи халқро халалдор намуда, ба пешравии ҷомеа  монеъаи ҷиддӣ меорад. Бинобар ҳамин, мо қатъиян зидди ин гуна равияҳои террористӣ-экстремистӣ буда, ҳамагонро ба корҳои ободкорӣ, эҷодкорӣ ва созандагӣ даъват менамоем.

Ба амалҳои  террористӣ дастзадани як гурўҳи ҳаммиллатонамон дар набардҳои Шарқи наздик, аз қабили Сурияву Ироқ боиси ташвиш аст. Маҳз ҷавонони ноогоҳ аз тарғиби нодурусти арзишҳои динӣ аз тарафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба мисоли ТЭТ ҲНИ ба миён омадааст.  Роҳбарияти ТЭТ ҲНИ айни ҳол ранги мор пуст иваз кардаанду худро роҳбари Паймони миллӣ эълон карданашро бинеду, лафзи ноҷавонмардонаю пур аз тўҳматро бинед.

Ғарази сиёсии доштани наҳзатиён ва паймоншиканон, ин шаҳодати душмани миллат будани онҳо аст. Истифода аз боварии халқу миллат – хиёнат ба модар ва фарзанд аст. Лекин афсўс, террорист миллат, Ватан,  падар,  модар,  ёру бародар надорад, алҳазар аз ин гуна махлуқот. Алҳазар аз дасисабозонӣ ниқобпўш, ки шариати исломро ниқоб кардаанд. Оё онҳо аз ислом бохабаранд? Ба фикри мо ҳаргиз не ва ё бохабар будан намехоҳанд.

Мо мардуми боору номуси тоҷик фаъолияти ифротии наҳзат ва Паймони миллиро дар кадом шаклу бо кадом чеҳрае ки набошанд маҳкум менамоем. Бас аст сиёхкунии Точикистон, ба худ биёед номуҳтарам хоинон!

Аҳли кафедраи фанҳои риёзӣ-

табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

You might also like