ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Вазъи муосири сиёсию динӣ тақозо мекунад: агар дар низоми сиёсии ҷаҳони имрӯз заиф бошем, ногузир ба вартаи сиёсатҳои хашини динӣ-мазҳабӣ, ки ҳамагӣ дар хурофот ғутидаанд, меафтем ва оқибати он хеле маргбор аст, чаро ки бозии эҳсосоти мазҳабӣ ҳеҷ гоҳ поён намеёбад ва риштаи мудовимати он дар дасти абарқудратҳо буда, ҷомеаҳои аз назари маърифат ва огаҳӣ заифро ҳамеша дар ҳоли ҷангу низоъ қарор медиҳанд, то роҳи ҳадафмандии миллӣ ва фарҳангиро дарнаёбанд ва абадуддаҳр бастаю бандаи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ бимонанд. Ин хоинону душманони миллат, бадхоҳони давлат, манфиатхоҳон, мансабталошон, террористу экстремистон имрӯзҳо барои ба даст овардани ҳокимият аз хориҷи кишвар истода баромадҳои ғаразнок менамоянд, бидонанд, ки мардуми тоҷик дар роҳи интихобкардаш устувор, мафкураи бедор аз фитнаҳои хоинони миллат озмурда шудааст.

Душманони бадхоҳи миллату давлат бо амалу гуфторҳои паҳнкардаи хеш наметавонанд муддате ба зиндагии орому осоишта халал расонида, дар самти бунёдкорию созандагӣ монеъ эҷод намоянд.

Ҳукумати мамалакат имрӯз барои осудагию осоиштагии миллат пеши роҳи ҳамагуна бедодиҳо ва иғвою дасисаҳое, ки аз ҷониби як гурӯҳи пойлучони Ватанфурӯш, ки дар назди хоҷагони хеш саги фаводор буданашонро нишон доданианд, пешгирӣ намуда, барои несту нобуд кардани инфротгароён муборизаи беамон мебарад.

 Азизова Наргис Хуршедовна  – муаллими калони кафедраи менеҷмент

You might also like