Нест бод паймони хоинон

Ман ҳамчун як тан омӯзгор бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон розӣ ҳастам.

Ин ташкилотҳои нав ба нави дар хориҷ ташкилшудаву ғаразҳои бад дошта, ба мисоли “Анҷумани озодандешони тоҷик”, “Ҷунбиши ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон” ва “Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ”, бояд аз тарафи давлат несту нобуд карда шаванд. Зеро ин қабил гуруҳ ва паймонсозон  мехоҳанд  давлати тинҷу осудаи моро боз ба ҷанг андозанд ва худ ҳоким шаванд. Ин давлати азияткашидаву   бо душворӣ сулҳёфта намехоҳад боз ба доми душман афтад, лек ёфт мешавад онҳое, ки аз дур истода мехоҳанд давлатро нотинҷ  гардонанд. Хушбахтона тири онҳо хато хӯрд. Мо ҳамчун омӯзгорони ҷавон ва ҳам зиёӣ, то метавонем ба ин кор роҳ намедиҳем ва мегӯем нест бод ташкилоти экстремистиву террористии «Паймони миллии Тоҷикистон».

Абдуллоев М.М. – сармуаллими

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

 

You might also like