МОҲИЯТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА
Вазъи кунунии ҷаҳони муосир аз он шаҳодат медиҳад, ки тезу тундшавии фазои ҷомеа, талошҳои марзиву миллатгароӣ ба воситаи ифротӣ паҳн гардидааст.
Вазъияти ба амал омада истодаи минтақаҳои гуногуни ҷаҳони пешрафта метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари давлатҳои тараққинамуда ва ё ақибмонда таъсири басо калон мерасонад. Яъне, ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798 – 1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Франсия, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар пайдо шудааст. Вале солҳои охир ин амал бо суръати тез паҳн гардидану решарониаш таъсири худро ба ноором намудани шахсони бегуноҳ, дигаргун намудани тафаккуру идроки шахс расонида истодааст. Аз давраи пайдоишаш бо мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима овардани аҳолӣ буд.
Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар аксари давлатҳо аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма гирифа, таъсири он ба ноором сохтани вазъияти сиёсию иҷтимоӣ ва заиф намудани мавқеи ҳокимияти давлатӣ, гардид бо мақсади решакан намудани терроризм аввалин маротиба соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Сониян 23 декабри соли 2021 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз нав ќабул карда шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти ифротӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гуруҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд.
Баробари ин маълум мегардад, ки мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ ва дигар маводҳо замина гузошта истодаанд.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳадди имкон маҳдуд карда шавад.
Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.
Кабирзода Г. муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ