Изҳороти кафедраи назарияи иқтисодӣ нисбати баромадҳои Темур Варқӣ
Имрӯзҳо гуруҳе ба ном аз равшанфикрони ҷомеа бо роҳбарии Кабирӣ дар хориҷи мамлакат созмоне таъсис додаанд, ки ба он “Анҷумани озодандешони тоҷик” номгузорӣ кардаанд. Аъзоёни ин созмон собиқ аъзоён ва ҷонибдорони кунунии фаъолияти сиёсии ТЭТ ҲНИ ва мулло Кабирианд. Баъди расман манъ кардани фаъолияти ҳизб дар дохили мамлакат наҳзатиён ба хориҷа панаҳ бурда, аз худ қаҳрамонтарошиҳо мекунанд. Аз ҷумлаи чунин шахсияти худхонд шоир ва публист Темур Варқист.
Темур Варқӣ баъди манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ ҳамроҳи роҳбари худ Кабирӣ ба Олмон раҳсипор гашта, дар васоити ахбори омма бо забони русӣ ва англисӣ ҳаргуна мақолаҳои муғризона нисбати сиёсати кунунии давлати мо нашр мекунад. Ӯ ҳамчун имеҷсозӣ Кабирӣ баромад намуда, дар созмонҳои Аврупоӣ аз ин хиёнаткор ҳимоят мекунад, ки ба ақли одамӣ рост намеояд.
Бо навиштани фикри худ ҳамчун зиёи ба баромади Темри Варқӣ гуфтанием, ки баромад ва далелҳои ин ватанфурўши беимон ягон асос надорад. Ҳамчунин чизе, ки дар баромадаш қайд мекунад мазмуну мундариҷа надорад. Имрўз мо бо Сарвари хирадманд ва дурандеш чунин як давлати ободу сулҳпарвар бунёд намудем, лекин чунин шахсони маккор, ки бо гуфти хоҷаҳои зархаридашон кору фаъолият мекунанд аз бахили чашми дид надоранд. Дар ин шахсон чунон қалбашон сиёҳ аст, ки намехоханд Тоҷикистони гул-гулшукуфон пеш равад ва мардуми меҳнаткаш зиндагии осоишта пеш баранд.
Қайди ин маймуни дурўя оиди фабрикаи дуруғ тамоман нодуруст аст. Мо шахсан ҳамчун шаҳрвандони Чумҳурии Тоҷикистон вақте, ки гапҳои дуруғ ва беасос аз чунин шахсон мебарояд менависем ва баён мекунем.
Аҳли устодони кафедраи
назарияи иқтисодӣ ДДҲБСТ