АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ-ОМИЛИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ КИШВАР

Тоҷикистон аз лаҳзаи соҳибистиқлол шудан то кунун дар самти ҳифзи амнияти миллии худ ва муқовимат бо таҳдидҳои сатҳи минтақавӣ ва байналхалқӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар шароити пурҳассоси имрўза хатари ҳамаҷонибаи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро дарк карда, комилан зидди ин падидаҳои номатлуб ва хатарзо дар ҳама навъҳои зуҳурашон муқовимат менамояд. Дар ин самт Тоҷикистон муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалиро дар миқёси ҷаҳон ва минтақа ҷонибдорӣ менамояд.

Моҳиятан амнияти иттилоотӣ бо худ амалияи пешгирии дастрасии ғайриқонунӣ, истифода, ошкор, таҳрир, тағйирдиҳӣ, таҳқиқот, сабт ё нобуди иттилоотро ифода менамояд. Вазифаи асосии амнияти иттилоотӣ аз ҳифз намудани махфият, ягонагӣ ва дастрасии маълумот, бо назардошти мақсадҳои истифодабарӣ ва бе расонидани зарар ба манфиати ягон кишвар иборат аст. Ин асосан тавассути ҷараёни идоракунии бисёрмарҳилавии хавфҳо ба даст оварда мешавад ва имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои таҳдид, осебпазирӣ, дараҷаи эҳтимолии таъсир ва имкониятҳои идоракунии хавфҳо дар ҳамаи зинаҳои он муайян карда шаванд. Олимону мутахассисон дар масъалаи коркарди роҳҳои ҳифзи иттилоот, сирри давлатӣ ҳамкории доимӣ ба роҳ монда, дар сиёсати имрузаи кишвар ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ чунин қайд намудаанд: “Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад”.

Дар ин замина гуфтан бамаврид аст, ки ҳифзи амнияти миллии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар шароити имрўза танҳо бо муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба итмом намерасад. Ҳолатҳои дигаре низ дар ин самт мавҷуданд, кадоме барои таъмини амнияти миллии кишвар дар сатҳи минтақавӣ ва байналхалқӣ муҳиманд,  ки дар радифи онҳо масъалаи амнияти иттилоотӣ ҷой дорад. Дар мавриди таъмини амнияти миллии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар шароити кунунӣ масъалаи мазкур муҳим дониста мешавад ва он дар раванди таъмини амнияти иттилоотӣ дар чаҳорчўбаи сиёсати имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрам арзёбӣ шудааст.

Дар шароити рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки васоити ахбори умум дар фаъолияти худ ба пуррагӣ аз рўи принсипи авлавияти амнияти миллӣ ва манфиатҳои миллию давлатӣ кор баранд ва ҳамеша масъулиятшиносиро дар назди халқу миллат дар пеш гузошта бошанд. Аз он ҷумла, ошкор намудан ва ба самъи мардуми кишвар расонидани симои воқеии созмонҳои террористиву ифротгаро баёнгари масъулиятшиносӣ ва хизмати васоити ахбори оммаи кишвар дар самти мубориза бо ин падидаҳои даҳшатбор мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати пешгирифтаи худ ба масъалаи ҷалби васоити ахбори умум дар муқовимат бо мушкилотҳои таҳдидомез ба амнияти миллии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Зеро таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити инкишофи равандҳои глобаликунонӣ барои кишвар муҳим мебошад. Дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ омодагии ғайрианъанавӣ хос аст, ки метавонад дар инкишофи мамлакат мақоми махсус пайдо намояд. Ин падидаи нав буда, пас аз инкишофи технологияи иттилоотӣ ва аз байн бурдани марзҳои иттилоотӣ таъсири худро мегузорад.

Таъмини сатҳи зарурии амнияти иттилоотӣ дар шароити Тоҷикистон метавонад ифодагари ҳимояи обруву нуфузи сиёсии кишвар бошад. Тавассути иттилоот комёбиҳо ва муваффақиятҳо, ҳамчунин масъалаҳои дигари инкишофи давлат дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, он ба таҳким ва такмили мавқеи давлат таъсири муайянкунанда мерасонад.

Таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз омилҳои таъмини бехатарии миллии ҳар як кишвар мебошад. Дар самти ҳифзи амнияти миллӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалии мухталиф бо иқдомҳои пешқадами худ фаъолнокии баландро нишон медиҳад ва масъалаҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳо ҳаллу фасл менамояд.

Дар ин самт Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ амал намуда, амнияти миллӣ ва манфиатҳои миллии худро ҳифз менамояд.

 

Самадова З.А. – сардори раёсати корҳои илмӣ-тидқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ

You might also like