ҲИФЗИ ВАТАН – ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ КОНСТИТУСИОНИИ ШАҲРВАНД!
Ватанро дўст доштан, миллатро дўст доштан аз амалҳои беҳтарини ҳар як инсон мебошад. Ҳар як фаъолияте, ки мо амалӣ менамоем, бояд ба хотири Ватан ва миллати азизамон бошад. Чунки маҳз Ватан – модар ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои моро кафолат медиҳад ва дар заминаи миллати тоҷик мо соҳиби давлатдорӣ гардидаем.
Шукрона дорем, ки имрӯз маҳз бо сиёсати хирадмадони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеа ва давлати мо тараққӣ карда истодааст. Аз ҷумла, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи баланд кафолат дода мешаванд.
Чанде рӯ меорем ба воқеаҳои гузаштаи начандон дурӣ мо. Ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта аз хотири ҳеҷ кас фаромўш нашудааст. Саҳнаи майдони шаҳидон, ки мардуми фирефташуда ҷамъ омада буданд ва ба суханҳои баромадкунандагон гўш медоданд. Онҳо бо тамоми маҳораташон мардумро ба фитнаву тафриқа ва нооромиҳо даъват менамуданд. Инсон ба тааҷҷуб меояд, ки нафароне, ки аз таълимоти ислом бархўрдор ҳастанд ва дар байни мардум ҳамчун “мулло” муаррифӣ гардидаанд, чаро одамонро ба таълимоти Исломи поку ҳақиқӣ даъват накарданд. Охир онҳо медонистанд, ки оятҳои Қуръони карим инсонро ба ҷангу қатлу куштору вайронкорӣ даъват накардааст. Дини мубини ислом дини сулҳу раҳмат буда, дар ҳеҷ замоне бар хилофи равиши зиндагии мардум ҳукми худро лозим надонистааст. Ҳамеша барои саодати мардум ва ҷомеаи башарӣ беҳтарин роҳи зиндагиро раҳнамоӣ менамояд.
Аз рафтору гуфтору кирдори онҳо маълум гардид, ки онҳо зоҳиран дар байни мардум худро гўё дилсўзи дини ислом меҳисобиданд, аммо вақт нишон дод, ки ҳамаи онҳо хоҷагони хориҷии худро доштаанд ва нақшаву ниятҳои онҳо ин буда, ки мазҳабу фарҳангу урфу одатҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро, ки мардуми мо амал карда омаданд, аз байн баранд. Пеш аз замони истиқлолият теъдоди масҷидҳо ангуштшумор буданд, китобҳои динӣ ба мардум дастрас набуд ва баъзе иддаи мардум ба монанди имрўз ақидаи солим надоштанд.
Тоҷикистон соҳиби давлати мустақил гардид ва поягузории он на он қадар мустаҳкам буд. Аз ин фурсат истифода карда, душманони миллат тавонистанд мардумро ба гурўҳҳо ҷудо намоянд ва байни ҳамдигар тухми нифоқу бадбиниву буғзу адоватро коранд. Дар натиҷа ҷанги бародаркуш оғоз гардид, ҳазорҳо мардум аз ҳаёт маҳрум шуданд, кўдакон ятим монданд, падару модарон ба доғи фарзанд гирифтор шуданд, занҳо бесаробон монданд, миллионҳо мардум гуреза шуданд ва аз хонаву дари худ маҳрум шуданд. Мушкили дастрасӣ ба маводи озуқа ба миён омад ва ҳазорҳо нафар аз гуруснагӣ фавтиданд. Ин ҳама рўзҳои мудҳишу бадбахтиҳоро мардуми тоҷик аз сар гузаронид.
Аммо Худованд нақшаву ниятҳои ғаразноки душманони миллатро амалӣ нагардонид. Худованди меҳрубон ба ин миллати куҳанбунёд дар ин ҳолат нафареро рўи саҳна овард, ки мардуми парокандашударо сарҷамъ карда, ба қалби онҳо тухми меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва сулҳу ваҳдатро ҷой намуд. Ин нафар шахси Худодод Пешвои миллати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Имрўз бо шарофатии Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мардум ҳаёти осоишта, зиндагонии оромона, ризқу рўзии фаровон доранд. Мардум имрўз аз масҷидҳои замонавӣ, зиёрати Хонаи Худо, китоби муқаддаси Қуръон ва садҳо дигар китобҳои динӣ бархӯрдор ҳастанд, хонаву дари обод, ақидаи поку солим доранд, дўстро аз душман, некро аз бад фарқ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ минбаъд фирефтаи душманон намешаванд. Имрўзҳо, мутаассифона баъзе фирориёни ташкилоти террористии ҲНИТ аз хориҷа истода, зидди давлати тоҷикон кор мебаранд, нақша мекашанд ва бадгўӣ мекунанд. Аммо боре ҳам амалҳои худро ба тарозуи воқеият баркашида ба хулосае намеоянд, ки чӣ бадбахтиҳоро ба ҷомеаи Тоҷикистон оварданд ва ҳамаи он амалҳо мухолифи оятҳои Қуръон, ҳадисҳои Пайғамбар Ҳазрати Муҳаммад (с) мебошанд.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал гардидааст. Қалбу нияти Ҷаноби Олӣ аз рўзҳои аввал, ки пок буд ва ҳамеша ҳамроҳи мардум буданду ҳастанд, Худованд мардуми ин сарзаминро муттаҳид намуд ва ба чунин ободию пешравию муваффақиятҳо насиб гардонид.
Мо намегузорем, ки ягон афроди разилу бадхоҳ бо мақсадҳои ғарази шахсӣ, бо дастурҳои хоҷагони хориҷии худ ба ҷомеа ва давлати Тоҷикистон таҳдид орад! Омода ҳастем бо тамоми нерӯи худ аз ҳамаи воситаҳо истифода бурда, сиёсати хирадмандонаи Ҳукуматро дастгирӣ намуда, ВАТАНРО ҳимоя намоем!
Бобоев А.Х. – мудири кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ
н.и.ҳ., дотсент