Баргузории дарси намунавӣ дар донишгоҳ
Дар донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузории дарсҳои намунавиву кушод аз ҷониби омӯзгорон мунтазам ташкилу баргузор мегарданд. Ин навбат дар маҷлисгоҳи донишгоҳ бо иштироки беш аз 120 нафар донишҷӯёни соли аввали риштаи ҳуқуқшиносӣ дарси намунавӣ доир шуд.
Дарси мазкурро дотсенти кафедраи техногияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ Марҳабо Қосимова аз фанни технологияҳои информатсионӣ дар мавзӯи “Амнияти иттилоотӣ” баргузор намуд.
Зимни баргузории машғулияти мазкур намояндагони Бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти донишгоҳ, мудири кафедра ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар машғулияти лексионӣ омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим аз ҷумла презентатсия, видео-машғулият, маводи маҳаллӣ, крассворд ва маводи тақсимотӣ васеъ истифода кард, ки он аз ҷониби донишҷӯён бо шавқ аз бар гардид.
Қайд намудан ба маврид аст, ки омӯзгор барои санҷидани дониши донишчӯён аз усули дигари фаъоли таълим бо воситаи Online -пурсишносаҳо тариқи Qr-коди донишҷӯ ба роҳ монд.
Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарс, ҷорӣ кардани таҷҳизоту васоили муосири техникӣ дар раванди таълим, ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи донишҷӯён ба машғулиятҳо аз ҳадафҳои меҳварии дарси намунавӣ арзёбӣ гардид.