Бозичаи дасти хоинон
Бисёриҳо хуб медонанд, ки падари Илҳом Ёқубов-Дадоҷон Ёқубов устоди донишгоҳи олии Хуҷанд буданд. Аз гуфтаҳои донишҷӯёни ин устод маълум мешавад, ки дар раванди таълим шогирдонашро ба ободкориву созандагӣ, ватандустиву хештаншиносӣ, корҳои савоб, дӯстию садоқат ҳидоят мекарданд. Аммо сад афсус ин ҳама ниқобе буда, ҳоло ӯ ҳамроҳи писараш узви ашаддии ТЭТ ҲНИ ва хизматгори Кабирӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Аз он устод фақат тӯҳмату бӯҳтон ва даъватҳои ғайриқонуни боқӣ мондаасту халос.
Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов ва дигар ҳаммаслаконаш то ҳол дарак накардаанд, ки имруз мафкураи даврони истиқлолият ба Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ичтимоӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз тағйироти сиёсӣ, аз қабили бисёрҳизбӣ, озодандешӣ, парлумонӣ касбӣ ва ғайра дар ташакули маърифати сиёсии мардум нақши хоса гузошт. Чунин таҳаввулот нишонаи давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ҳама баҳри гулгулшукуфоии кишвари азизамон равона карда шудаанд. Ягон шахси ватандӯстдор наметавонанд, нисбати рӯйдодҳои атрофаш чашм пушида худро дар канор нигоҳ дорад.Тайи чанд сол аст ки хоинони ватан ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва Илҳом Ёқубов аз кишвар берун, яъне дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд. Онҳо ба мақсади торуморсозии ин кишвари биҳиштосо тарафдорону пайравони худро мехоҳанд зиёд намоянд. Ин афроди фитнаангез тавассути сомонаҳои иҷтимои гузоришҳову суханрониҳои тафриқаандоз, барои боло бардоштани манфиатҳои ТЭТ ҲНИ ва созмони бо номи Паймони милии Тоҷикистон дифоъ намуда, барои тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиашон Ватани азизамонро зери нишони худ қарор доданд. Нашрияҳои ӯ тариқи сомонаҳои интернети оид ба бефарҳанг будани халқ аст, ки ин ҳама беасос ва бухтони Кабирӣ ба ҳисоб меравад. Аммо ӯ бехабар аз он аст, ки халқи тоҷик кайҳо аз ниятҳои нопоки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бохабаранд ва ба дасисабозиҳои ӯ дода намешаванд. Мардуми тоҷик бо фарҳанги баланди худ қадри сулҳу субот ва оромии кишварро хуб медонанд ва намегузоранд. Кабирӣ доимо дар фикрии курсии болои худ буд ва барои амали гардонидани ин мақсадаш мехоҳад халқи осоиштаро бакор андозад.
Муҳиддин Кабирӣ ва Илҳом Ёқубов бозичаи дасти хоҷагони хориҷаашон гардидаанд, касе ба суханони хоинони ватан тарафдори намекунанд ва ин амали онҳоро зери танқид гирифтаанд. Кабирӣ ва зердастонаш доимо дар фикри сиёҳ кардан ва паст намудани марифати халқи Тоҷик кушиш карда истодаанд лекин онҳо то ҳол намедонанд, ки ин кушишҳояшон бе фоидаанд. Чунки ҳар як фарзанди ба номуси Тоҷик аз фарҳангу маданияти баланди худ огоҳ аст ва намегузорад чунин худпарастон ва хоинон давлатро ба манфиати худ истифода баранд. Кабирӣ ба хоҷагони хориҷии худ фурухта шудаасту ҳар он сухане, ки ба онҳо мефармоянд бе саркаши ба ивази маблағ иҷро менамоянд.
Тошматова М.Д. – н.и.и., дотсенти
кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ ДДДҲБСТ