ҶАВОНОН НЕРЎИ ПЕШБАРАНДАИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТАНД!

Ҷавононро ҳамеша Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозанд, ки онҳо нерўи пешбарандаи миллату давлатанд.

Дар воқеъ ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Нақши ҷавонон дар ҳамаи соҳаҳо хеле назаррас буда, дастовардҳои навинеро бо донишу саводи комил ва ихтироотҳо муаррифӣ намуда истодаанд.

Бояд қайд кард, ки 13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, санадҳои аввалин дар роҳи ташаккул ва инкишофёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд.

Бо ифтихори баланд иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои сохибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавонои аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.

Ҷавононро зарур аст, ки имрўз зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз пайи донишандўзӣ, омўхтан ва интихоби касб барои ояндаи хеш бошанд. Мо, баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои онҳо саҳм гузошта, ҳисси ватандўстиву хештаншиносиро дар дили онҳо ҷойгир намоем.

 

                                                Қоситов Ҷўрабек ассистенти кафедраи андоз ва андозбандӣ

You might also like