ТАЪРИХ ҲЕҶ ГОҲ ХОИНОНИ ВАТАНРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАД…

Мақсаду мароми шахсону гурӯҳҳои алоҳида чун Муҳиддин Кабирӣ ин бо дасисаву моҷаро ва дигар роҳҳо вазъияти ороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, хоса пайравони дини исломро халалдор ва оғӯштаи хуну оташ гардонидан асту бас. Чун аксарияти мардуми кишвар мусулмонанд, аз чашми бади ин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаи дохиливу хориҷӣ дур намондаанд. Ҳарчанд кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳифзи тартиботи ҷомеа меҳнати шаборӯзӣ доранд, боз ҳам душманон ва хоинони миллат фурсати муносибро ҷӯё мешаванд. Амалкарди ТЭТ ҲНИ ва ба давлатҳои исломӣ рафта ба сафи ДИИШ пайвастани шаҳрвандони кишвар шаҳодати гуфтаҳои болоянд.

Таърих собит месозад, ки ҳар кори нек ва ё баде, ки дар зиндагӣ аз ҷониби инсон содир мешавад, ҳатман сазояшро дар ин дунё хоҳад дид. Ҳамзамон аз нигоҳи дини мубини ислом низ чунин роиҷ аз аст, ки «агар заррае некӣ кунӣ, мебинӣ ва заррае бадӣ кунӣ мебинӣ».  Бо дарки ин нукта сокинони Ватани азиз барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои гул-гулшукуфоии кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.

Албатта мукофоти амали нек ҳатман сазояш некист. Ин аст, ки мардуми мо бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби кишвар подоши амалҳои неки хешро гирифта, барои расидан ба ормонҳои давлатдории навини миллӣ марҳила ба марҳила мушарраф гардида истодаанд.  Дар ин замина боз иддае аз гумроҳону нохалафоне ҳастанд, ки бо супориш ва ҳидоятҳои хоҷагони хориҷиашон амал намуда, аз пешрафту шукуфоии Ватан дида наметавонанд. Ин нохалафон нақшаву ниятҳои нопок дошта, рисолаташон харобкориву даҳшатафканӣ ва бадномкунии дини мубини ислом аст.  Аз табори чунин нохалафон саркардагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон мебошанд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбии ин ҳизб роҳашон норавшану номуайян буд ва нақшаву нияти ғаразона доштанд. Онҳо ҳамчун аслиҳа, «робот» ва бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ амал намуда, аз хати кашидаи онҳо берун намераванд. Барои эҳтироми хоҷагонашон ҳатто аз баҳри падару модар, аҳлу пайвандон, зану фарзанд ва азизтарин инсонҳои барояшон муқаддас мебароянд.

Террорист Муҳиддин Кабирӣ аз табори чунин зархаридони хоҷагони хориҷист, ки пас аз мағлубияти ҳизбаш дар интихоботи соли 2015 роҳ ба сӯи хоҷагонаш пеш гирифта, барои амалӣ намудани супоришҳои ғаразноки онҳо аз берун истода кӯшиш мекунад. Борҳо тариқи расонаҳои хабарии хориҷ даст ба бадномкунии миллат зада, мисли саги дайду кораш танҳо аккосзанӣ ҳаст. Аз рафтори ин гумроҳ маълум мегардад, ки роҳи ояндаи ӯ норавшан буда, ниёзи бештар ба маблағҳову сармояҳои хоҷагонаш дорад. Боварии комил дорем, ки кадом хоҷае, ки барои Кабирӣ маблағҳои зиёде пешниҳод кунад ӯ ҳатман аз баҳри хоҷаи камбағал гузашта ба хоҷаи бой мечаспад ва хоҷаи камбағалро ба хоҷаи бояш хоҳад фурӯхт. Чунин инсонҳое, ки роҳи муайян надоранд ва самти ҳаракаташон норавшан аст бештар ба ҷомеа ва аъзову наздикон хатар доранд ва моро зарур аст, ки садди роҳи онҳоро гирифта, нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли оянда таъсири ногузири хешро расонанд.

Агар ба моҳияти фаъолияти ташкилоту созмонҳои ифротӣ, ки бо омезиш ба номи поки дини мубини ислом сурат мегирад назар афканем маълум мегардад, ки ҳадафи аслии онҳо бо истифода аз иродаи эътиқодии мардум ва пайравӣ ба дин афзун намудани сафи аъзо, пайравону ҷонибдорон маҳсуб ёфта, пас аз афзудани аъзоёну ҷонибдорон амалӣ намудани нақшаву ниятҳои разилона тарҳрезӣ мегардад. Далели равшани гуфтаҳои болоӣ фаъолияти ташкилоти экстремистӣ – террористии ҳизби наҳзати исломист.

Мо кулли устодон, омузгорону донишҷуёни факултети Бизнес ва идоракунии Донишгохи давлатии ҳуқуқ  бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи  ТЭТ ҲНИ камари ҳиммат баста, зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик ҳастем ва аз ин бешарафони бадтинати намакзада дури ҷуста, намегузорем фазои ороми мукаддаси Ватанамонро дубора ғуборолуд созанд.

 

Садорат ва ҳайати омузгорону донишҷуёни факултаи Бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ

You might also like