ХАБАРҲОИ БЕМАЗМУНУ БЕАСОС ҶОМЕАРО НАБОЯД БА НОФАҲМИҲО ОВАРАД

Дар шароити имрўза тарғибу ташвиқ ва ба амалоии бесару сомониҳои гуногуни байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки асоси он иғвогарии қувваҳои ҷудоихоҳии берунмарзӣ  ба ҳисоб меравад. Мақсади онҳо ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба амал бароварда, сарнагун намудани сиёсати давлатдории ҷумҳуриҳои озодихоҳ ба ҳисоб меравад.

Ин гуна қувваҳои мухталиф аз тарафи давлатҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешаванд ва шаҳрвандони ниёзманд, ки мафкура – шуурнокии маънавӣ, маданӣ ва ҳуқуқии онҳо паст ва аксарияти онҳо ҳатто намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд, бо истифода аз сомонаҳои гуногуни ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ ва ғайра шомил мешаванд. Дар натиҷаи ин гуна амал иштирокчии чунин хизбҳои террористӣ мегарданд.

Мутаассифона кишвари мо низ аз ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои  ғайриқонунӣ ва кирдорҳои он холӣ намебошад. Ба онҳое, ки таҳриргари ин ҳизбҳои террористию экстримистӣ мебошанд аз куҷо ва кӣ будани шаҳрвандони дорои маърифати пасти ҳуқуқидошта ва роҳгумзада аҳамияте надорад. Ҳадафи онҳо боз ба вартаи бесарусомонӣ ва ба ваҳшоният кашидани инсонҳои зиёди сайёра шуда истодаанд.

Ҳолати мазкур бевосита дар рафтори шахсони алоҳида, ки дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ қарор гирифтаанд, мехоҳанд ба фаъолияти мақомоти қудратӣ, идоракунии давлатӣ, судии бисёре аз  кишварҳо таъсири худро расонанд, ба амал бароварда мешавад. Гумон мекунанд, ки иғвогарии онҳоро ягон кас намефаҳманд, ё дар ин соҳа дониши кофӣ надоранд.

Имрўз мо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ, шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунем, фаъолияти касбии соҳавӣ мебарем, мехоҳем давлати ҳуқуқбунёд пойдории давлатдории мо боқӣ монад, рушд кунад. Дар айни замон бо пайравии Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат мо имрўз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол шинохта  шудаем. Дар ин ҷода оиди дастовардҳои зиёде, ки имрўз ба онҳо ноил гардидаем ва аз он ифтихор мекунем бисёр сухан гуфтан мумкин мебшад ва онҳо айёнанд. Тавре дар урфият мегуянд: “ҳар он чизе ки айён аст ҳоҷат ба баён нест”.

Дар ҳар кадом давру замон иғвогариҳо, низоъҳо аз паҳн намудани иттилоот, хабарҳои нодурусту беасос пайдо мегардад. Яке аз ин, падидаҳо амалҳои террористию экстремистии динӣ баҳисоб меравад. Терроризм ва экстримизм решаи хеле чуқур дошта, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии  он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти  террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рўҳ додааст. Зиёда аз ин, оиди нақши терроризм ва экстремизми динӣ дар ободонии мамлакат, кишварҳо аз таърихи инсоният маълумот вуҷуд надорад, нест.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи ба миён овардани тарсу воҳима, даҳшатафканӣ мехостанд  мақсадҳои худро ба дўши дигарон бор карда бошанд. Нисбати ин гуна падидаҳо таърихи инсоният бисёр воқеиятро шаҳодат медиҳад.

Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон новобаста аз он ки ба кадом намуди дин пайравӣ мекунанд, баробарҳуқуқ мебошанд. Тавре медонем дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар кишвар бо вуҷуди он ки аксарияти шаҳрвандони  Тоҷикистон пайрави дини ислом буда, онро муқаддас мешуморанд ва аз ҷониби давлат дини ислом ҳамчун дини расмии давлатӣ эътироф нашудааст. Баробари ҳамин, ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикстон аз давлат ҷудо буда, ба кори давлат дахолат намекунанд.

Ҳамин тариқ, ҷойгир намудани ҳама гуна маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезанда дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ҷамъиятро ба гумроҳӣ, нофаҳмиҳо меорад. Тавре аз меъёрҳои конститутсионӣ бармеояд, хисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ ва садоқати халқ ба Ватан, сулҳу ваҳдат, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдоди гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Самадов Б. О. – дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like