ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
Яке аз мушкилотҳо, ки солҳои охир кулли ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуротҳои номатлуб ва хатаровар ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрвандӣ давраи вазнинро аз паси сар кард, ки ба нобуд гардидани саноату иқтисод, коҳишёбии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дар ҳолати қашшоқӣ қарор гирифтани бештари шаҳрвандони кишвар марбут мебошад. Дар баробари ин сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии мардум ва хусусан ҷавонон коста шуда, мамлакати мо ба бўҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рў ба рў шуд. Сатҳи ҷинояткорӣ афзоиш ёфта, дар мамлакат бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ зиёд мегардид. Албатта табиист, ки дар ин ҳолат сатҳи диндории аҳолӣ меафзояд. Чунки аксари аҳолии кишвар, аз ҷумла, ҷавонон дар назди нобаробариҳои зиндагӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ беилоҷ мемонанд ва рўй ба дину мазҳаб меоранд. Вазъияти мазкур барои фаъолияти нерўҳои ифротӣ мусоид мебошад. Шахсони масъули ташкилотҳои ифротии динӣ бо истифода аз ин вазъият, таблиѓоти худро тавқият дода, як табақаи осебпазири аҳолӣ, махсусан, ҷавононро ба тарафи худ ҷалб менамоянд, ки дар натиҷа дар ҷомеа тундгароӣ меафзояд.
Гарчанде ки ин раванд коҳиш ёфта бошад ҳам, лекин то ҳанўз дар кишварамон идома дорад.
Баҳри ноилгардӣ ба мақсадҳои сиёсӣ, аксаран ташкилотҳои динии экстремистӣ маҳз ба фаҳмиши динию ҷаҳонбинии одамон таъсир расонида, онҳоро ба доми худ мекашанд. Лекин, таърихи афкору андешаҳои инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш дар ҳеҷ замон душмани дину имон набуд. Ҳеҷ як мутафаккир ё донишманди асили гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ ва ҷаҳолатро мавриди мазаммат қарор додаанд.
Ҳамаи ин ҳодисаҳо ҳақиқатеро асоснок менамоянд, ки мушкилии аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ таъсир расонида, бехатарии давлатҳои хурду калони оламро ба хатари ҷиддӣ рў ба рў кардааст. Чунин ҳодисаҳо бори дигар исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм ба мисли вабои аср хатари глобалӣ дошта, худи террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Яке аз омилҳои пайдоиш ва ривоҷи ифротгароӣ таҳсили ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таълимии динии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди ҷавонони кишвар дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои арабӣ, Эрон, Афѓонистону Покистон таҳсил намуда, зери таъсири мазҳабҳои дигар, равия ва ҷараёнҳои хатарноки мазҳабӣ қарор гирифтаанд. Баъди ба Ватан бар гаштан, хатмкардаҳои таълимгоҳҳои динии хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳамон ақидаҳои радикалиеро, ки барои ҷомеаи муосири мо бегона аст, таблиѓ мекунанд. Ҳамаи ин боис мегардад, ки дар кишвар тундгароӣ афзоиш ёбад. Аз ин рў, рафтани ҷавонон барои таҳсил ба хориҷа бо ҳар гуна роҳҳои ѓайрирасмӣ хатари зиёд дорад. Шахсони масъули нерўҳои тахрибкор, махсусан, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурўѓи диниву дунявӣ ба равандҳои террористӣ ҷалб мекунанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон муҳофизат карда шавад.
Мо бояд ба қадри неъматҳои даврони истиқлолият ва муқаддастарин арзишҳои давлату давлатдорӣ бирасем, чунки ҳифзи ин неъмати бебаҳо барои ҳар як фарди ҷавон қарз, масъулият, шараф ва номуси ватандорӣ маҳсуб меёбад.
Саидҷонов С.Ш.-муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ