ПЕШРАФТИ МАОРИФ – АСОСИ РУШДИ ДАВЛАТ

Соҳаи маориф зербинои асосии пешрафти ояндаи давлату миллат буда, дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимиву тарбиявӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот дар самти омода гардидани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши назаррас дорад.

Бо назардошти муҳим будани рушди соҳаи маориф Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониву баромадҳои хеш наврасону ҷавононро ба хондану омӯзиши илмҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ даъват менамоянд ва соҳаи маорифро дар пешрафти давлат  соҳаи асосӣ унвон намудаанд. Чуноне ки дар Паёми навбатии хеш таъкид намуданд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Хушбахтон, баробари беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар маблағгузорӣ ба соҳаи илму маориф низ торафт бештар гардида истодааст ва ҳамасола даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Зимни ҳамаи сафарҳои Роҳбари давлат дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки ин дар самти рушди соҳаи маориф кори бисёр арзишманд ба ҳисоб мервад.

Дар доираи сафари навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки он санаҳои 09-12 августи соли 2022 идома ёфт, бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом ва Бӯстон муассисаҳои навбунёди таълимӣ ва маркази илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар шаҳри Бӯстон филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд, коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан, кӯдакистони “Зангӯла” ва муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии рақами №15 ва №7 дар шаҳри Конибодом, муассисаи таълимии томактабии “Шукуфаи Истиқлол” ва бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ ба кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор дода шуданд, ки онҳо ҳамагӣ барои пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва махсусан рушди маориф равона гардидаанд.

Воқеан, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Ба андешаи мо, беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бо шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф  алоқамандии зич дорад. Бо назардошти ин, бист фоиз баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф ва додани баъзе имтиёзу дастгириҳо корҳои бисёр муҳим ба ҳисоб меравад.

Дар оянда сохта ба истифода дода шудани биноҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии омӯзгорон мусоидат намубад, ба пешрафти соҳаи  маориф таъсири бевосита мегузорад.

Чанд соли охри бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар самти боло бурдани майлу шавқмандии наврасону ҷавонон ба илму дониш кори муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро, озмунҳои мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносиву ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон ба роҳ монда шудаанд.

Аз нигоҳи мо, дар шароити торафт шиддат ёфтани рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ ва вазъи ҳассоси сиёсиву геополитикии минтақа ва ҷаҳон дар руҳияи худшиносиии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани маърифати сиёсии онҳо бисёр муҳим ба назар меравад. Ба ақидаи мо, тарбия насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ кори мавсимӣ нест, он аз зинаҳои поён, қабл аз ҳама, аз оила ва муассисаҳои томактабӣ оғоз гардида, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ идома пайдо менамояд. Боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон фаъолияти якҷояву дастаҷамъонаи ҳадфмандро тақозо менамояд.

Хулоса, пойдории суботи сиёсӣ ва амният дар саросари кишвар имкон мебахшад, ки сол аз сол таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон ва шароити омӯзгорон беҳтар гардад. Зеро, бидуни рушди соҳаи маориф, ки он аз фаъолияти содиқонаву пурмаҳсули омӯзгорон вобастагии зиёд дорад, пешрафти давлат ғайриимкон аст. Пас, фаъолияти бомароми омӯзгорон, ҳамкории зичи байни волидону омӯзгорон ва дастгирии давлат имкон мебахшад, ки торафт сифати корҳои таълимиву тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин карда шавад.

 

Шӯҳрат Саидзода – устоди ДДҲБСТ

You might also like