Маҳкум намудани баёнияҳои гурӯҳҳои ифротӣ

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва бо он пур намудани фазои иттилоотӣ расм гардидааст.

Аммо ин маънои онро надорад, ки дар сомона чӣ ки хоҳед нависед ва андешаи нопоки худро зикр намоед. Андешаи инсон ҳосили тафаккур ва тарзи зиндагии ӯст. Ҳар афроде, ки тафаккури танг ва ҷаҳонбинии баста дорад, ба сухани дигарон бовар мекунад ва тез мавқеи худро аз даст медиҳад.

Сомона ва ё сайтҳои гуногуне, ки шахсони ифротӣ андешаи нопоки худро ҷой медиҳанд, ҳамеша мавриди ҳукми мардум қарор меёбанд.

Тоҷикон мардуми бохирад ва дурбинанд. Ҳамеша дар мавриди баҳсҳои динӣ боандеша сухан мекарданд ва имрӯз низ чунин сухан меронанд. Зеро медонанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҳар гуна масъаларо бо диду андешаи нопоки худ баҳогузорӣ месозанд. Дар мавриди дар сомона ҷо намудани ҳар гуна тарғиботи динӣ пеш аз ҳама набояд фаромӯш кард, ки ҳоҷат ба тарғиб нест, зеро замоне зиндагӣ дорем, ки мардум мусалмонанду аз рукнҳои динӣ огоҳанд. Медонанд, ки кадом амал дуруст асту кадомаш ғалат. Дар Тоҷикистони мо  нисбати дин ягон монеа вуҷуд надорад. Дари ҳамаи масҷидҳо боз аст.

Мардумро бо фиреб ва найранг ба доми бало гирифтор сохтани ҳизбҳои гуногуни динӣ маълум аст, ҳоҷати шарҳу эзоҳ нест, зеро мо солҳои 90-умро аз хотир фаромӯш насохтаем. Тоҷикистон дар охирҳои асри гузашта аввалин давлатест, ки бо террор ва террористон рӯ ба рӯ гардида, мардумаш сабақи хуби таърихӣ гирифта, имрӯз ба ҳеҷ гуна сомонаҳо бовар надорад. Фақат ҳамон нафароне ба он гуна сомонаҳо даромада, ҷавоб менависанд, ки аз кӯчаи адабу илм нагузашта, фарсахҳо аз одоби инсонӣ дуранд.

Пешрафти техника  ва технология ин маънои онро надорад, ки давлатҳо бо ҳам душманӣ варзанд,  баръакс мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ваҳдат ва ягонагиро  тақозо дорад.

Раҳматова Д.А. дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like