Ҷавонон – қувваи пешбарандаи ҷомеа
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлол гардиданаш таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа шаҳрвандӣ ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд. Вобаста ба паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум мегардад, ки давлату ҳукумат кўшиш ба харҷ намуда истодааст, ки дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва чи дар корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавононро пешбарӣ намояд ва барои ҷавонон шароит фароҳам оварда истодаанд, ки онҳо дар пешрафти кишвар саҳми босазоӣ худро гузоранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки “аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Маҳз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон собит сохт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷӯҳи беандозаи Роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рузхои нахустини соҳибистиклолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар баробари ин ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои мамлакат зарур мебошанд.
Онҳо ҷавобан ба ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кўшиш карда истодаанд, ки ба донишандўзи, интихоби касбу хунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини кишвар ҳимояи Ватан, рушди илму техника саҳмгузор бошанд.
Ҳоло аксарияти ҷавонони кишвар дар мусобиқаҳои варзиши чӣ дар минтақаи Осиё ва чӣ дар ҷаҳон ҷойҳои намоёнро ишғол намуда парчамбардорӣ кишвари азизамон гардида истодаанд. Изофа аз ин хонандагон ва донишҷўёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда ҷойҳои сазоворро ишғол кардаанд, ки ин ифтихори миллати тоҷик мебошанд.
Ҷавонон бояд сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмонро хаматарафа ҷонибдорӣ намоянд ва барои осудагӣ ва суботи Тоҷикистон саъю кўшиш намуда, тамоми хастии худро барои амали сохтани ин ғояҳои наҷиб сафарбар кунанд.
Ахмедов Н.И.-мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсия дар ДДҲБСТ