Ворисони Аҳриман ҳаргиз ба мақсад намерасанд

Бе надонистани таърихи миллати худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруфанд ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодаанд. Фарзандони фарзонаи бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд ва онҳо на танҳо ифтихори миллати мо, балки боиси сарафрозии мардуми олам гардидаанд.

Вале дар ҷомеа дар ҳар давру замон нафароне буданд, ки бо суханҳои бардурӯғ мардумро фиреб дода, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд.

Аъзоёни ҳизби террористии наҳзати ислом, аз он ҷумла Кабирӣ, Муҳаммадиқболӣ Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Шавкати Муҳаммад, Ҳусей Ашӯров ва дигарон, ки барои хоинӣ ва анҷом додани фаъолияти террористӣ аз Тоҷикистон гуреза гашта, дар давлатҳои хориҷӣ паноҳ гирифтаанд ҳоло ҳам аз мақсадҳои ғарази худ даст накашида, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, мардуми Тоҷикистонро ба гумроҳӣ бурда, ватанро ба доми ҷанг кашанд.

Дар умум, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғи ақидаҳои ифротгаронаи худро моҳирона истифода намуда, ба сафи худ одамонро ҷалб мекунанд, ки ин раванд барои амнияти кишвар хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз базъе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба воситаи истифода аз дин ва эътиқоди динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ – ноором кардани вазъи сулҳу суботи кишвар амал менамоянд.

Барои муқобилият нишон додан ба ин хоинони миллат ҷавонони моро мебояд, ки ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии худро аз даст надиҳанд. Дониши пурқуввати дунявӣ ва динӣ бошанд. Аз таърих ва осори гузаштани бузурги худ хуб огоҳ бошанд.

Барои мисол порчае аз достони “Кова ва Заҳҳок” –и устод Фирдавсӣ меорем, ки чунин омадааст:

Чу иблис донист, к-ў дил бидод,
Бар афсонааш гашт наҳмор шод…
Чу Заҳҳок бишнид гуфтори ўй,
Ниҳонӣ надонист бозори ўй.
Бад-ў гуфт: — «Додам ман ин коми ту,
Баландӣ бигирад магар номи ту».
Бифармуд то дев чун ҷуфти ў
Ҳаме бўсае дод бар китфи ў.
Чу бўсиду шуд дар замин нопадид,
Кас андар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.
Ду мори сиёҳ, аз ду китфаш бируст,
Ғамӣ гашту аз ҳар сўе чора чуст.
Саранҷом бубрид ҳарду зи китф,
Сазад гар бимонӣ аз ин дар шигифт.
Чу шохи дарахт он ду мори сиёҳ,
Баромад дигарбора аз китфи шоҳ.
Пизишкони фарзона гирд омаданд,
Ҳама як ба як достонҳо заданд.
Зи ҳар гуна найрангҳо сохтанд,
Мар-он дардро чора нашнохтанд.
Ба сони пизишке пас иблис тафт,
Ба фарзонагӣ назди Заҳҳок рафт.
Бад-ў гуфт, к- «Ин буданӣ кор буд,
Бимон, то чӣ монад, набояд дуруд.
Хуриш созу оромияш деҳ, ба хвард,
Нашояд ҷуз ин чорае низ кард.
Ба ҷуз мағзи мардум мадеҳшон хуриш,
Магар худ бимиранд аз ин парвариш»…

Чунон буд, ки ҳар шаб ду марди ҷавон
Чи кеҳтар, чи аз тухмаи паҳлавон,
Хуришгар бибурдӣ аз айвони шоҳ
В-аз ў сохтӣ роҳи дармони шоҳ.
Бикуштиву мағзаш бурун охтӣ,
Мар-он аждаҳоро хуриш сохтӣ…

Аз порчаҳои достони мазкур бармеояд, ки баъди он ки Аҳриман аз китфҳои Заҳҳок бӯса мекунад, аз ду китфи ӯ мор мебарояд. Морҳо ба сари Заҳҳок ҳамла меоваранд. Аҳриман ба Заҳҳок ҳамчун табиб маслиҳат медиҳад, ки ҳар рӯз морҳоро бо мағзи сари ду ҷавон зиёфат диҳад. Фикру андеша ва мақсаду муроди Аҳриман аз ин маслиҳат он буд, ки тухми инсонро аз рӯйи замин нобуд кунад. Ҳамин тавр морони Заҳҳокро парвариш мекунанд. Фирдавсӣ Заҳҳокро ҳамчун шахси золим, фарзанди нохалаф, рамзи қувваи бадӣ ба қалам додааст.

Ин бори дигар гувоҳӣ аз бузургии Фирдавсӣ медиҳад, ки ҳазор сол пеш пешгӯи карда буд, то замоне мерасад, ки гурӯҳҳои нохалаф мағзҳои сари ҷавонони моро “мехуранд” ва онҳоро ба гумроҳӣ ба роҳи аҳриманӣ мебаранд, зеро ки худи онҳо ворисони Аҳриман ба ҳисоб мераванд.

Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболӣ Садриддин, Шарофиддин Гадоев, Шавкати Муҳаммад, Ҳусей Ашӯров ва якчанд нафари дигари ҳаммаслакони онҳо низ маҳз ворисони Аҳриман буда, ирӯзҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун морҳои тасвирнамудаи Фирдавсӣ кӯшиш намуда истодаанд, ки мағзҳои сари ҷавонони моро “хӯрда” бошанд.

Ҷинояткор будани шахсони болозикр сад дар сад исбот шудааст. Вобаста ба ин ба онҳо набояд бовар кард ва ба доми онҳо афтод. Тамоми барномаҳои онҳо пур аз иғво ва дурӯғ буда, мақсади асосии онҳо бо воситаи фиреби мардум соҳиб шудан ба даромади пулӣ ва мансаб мебошаду халос.

 

Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like