БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАИ ОШТИНОПАЗИР БОЯД БУРД

Имрӯзҳо ба тамоми инсони боақлу ватандӯст маълум аст, ки сокинони сайёра дар хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки моёнро зарур аст, ки зирак бошем ва ба қадри сулҳу суботи Ватани азизамон расем. Пойдории сулҳ ва амнияти пойдор яке аз омилҳои асосӣ ва шарти муҳими раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад.

Экстремизм (ифротгароӣ)– терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари бузург эҷод мекунад.   Ҳаракати гуруҳҳои террористӣ дар миқёси глобалӣ хислати дунявӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои дунёро фаро гирифтааст. Амалҳои  терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ  пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъият дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандон гардонида истодааст.

Аз ин лиҳоз, муборизаи дастаҷамъона ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятҳо, пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти зарурӣ дорад. Ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳои дар мубориза бо терроризм осебпазир, мувофиқи мақсад мебошад.

Зикр кардан лозим аст, ки амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари калон доранд. Онҳо ҳадафҳои ғаразноки худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд.

Кишвари мо Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои паси пардагии онҳо аз наздик шинос аст. Ханӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем.

Ҷумҳурии Точикистон бо сарварии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгирӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди тероризм ва экстремизм буда, дар пешгирӣ аз ин вабои аср дар сафи пеши мубориза мебошад.

Амалҳои даҳшатовари террористиву экстремистии вақтҳои охир, аз ҷумла дар кишварҳои Афғонистон  мушоҳида менамоем. Барои онҳо ҳама гуна арзишҳои инсонӣ  бегона буда, имрӯз ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористӣ эмин буда наметавонад. Он ҳам боиси нигаронӣ аст, ки гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ  барои паҳн намудани ақидаҳои ифротӣ, гумроҳсозии одамон ва ҷалби онҳо ба сафи худ васеъ истифода менамоянд.

Барои мо шаҳрвандони мамлакати азизамон зарур аст, ки ҳамешагӣ пайрави кору рафтори Пешвои тамоми тоҷикони дунё, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем ва нагузорем, ки ягон гуруҳҳои нохалафон халалрасони ин сулҳу субот ва пешравии давлатамон гардад. Тоҷикистон ба пеш!

Зиёмидинов Б.М. – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир

You might also like