ТАЪСИРИ МАНФИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ БА ҶАВОНОН
Имрӯзҳо яке аз масъалаҳое, ки тамоми ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки бо номи «Ислом» ҷой гирифтааст ва паҳншавии босуръати терроризму экстремизм ва зиёдшавии гурӯҳҳои ифротгаро мебошад, ки ҲНИ низ аз қабили чунин ҳизбҳо ба шумор меравад.
Тавассути воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои интернетӣ паҳн намудан даъвои чунин одамон аз қабили гурезагон ва аъзоёни фирории ҲНИ дар бораи ватандӯстиву ватанхоҳии онҳо дурӯғ, фиребгарӣ аст, зеро чунин афрод кайҳо Ватану миллат ва мазҳаби худро барои пулу сарват фурӯхтаанд.
Ин амалиётҳои ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнугун кардани давлати дунявии тоҷик, нест кардани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати Исломӣ, маҳдудкардани озодии тоҷик аст. ҲНИ дини Исломро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапўш карда, миллати тоҷик ва хусусан ҷавононро ба ҷанги бародаркуш даъват мекарданд. Пеш аз интихобот ба воситаи баъзе аз пайравонашон аъзоёни ин ҳизб чунин маълумотҳо паҳн мекарданд, ки гӯё дар интихобот хат задани номи ҲНИ кофирии шахси интихобкунандаро ифода мекарда бошад.
Дар шароити ҷаҳоншавӣ душвор гардидани муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Миллате, ки насли ҷавонаш дар гирдоби ҷурму табоҳӣ дасту по мезанад, бешак кулли орзуҳояш ба боди фано хоҳанд рафт.
Бинобар ин, ҳар фарди соҳибҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон вазифадоранд, ки маърифати худро баланд бардоранд, то фирефтаи ҳар гуна гурўҳҳо, аз ҷумла ҲНИ ва ифротсозии равандҳои динӣ- идеологӣ, ҳадафҳои аслии ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ нагашта, барои пешраии кишварамон ҳиссагузор бошанд.
Мо ҷавонон бояд ҷонибдори ободию созандагӣ, таъмини ҳаёти бофароғату осуда бошем ва дар фикри имрӯзу ояндаи миллату ватан буда, баҳри осудагиву ободии диёри азизамон саъйю талош намоем, на ба шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ.
Саломов Д. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ