Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш – хиёнаткор нисбати халқи Тоҷикистон

Ин афроди нохалаф (М. Кабирӣ) аз разилтарин инсонҳо ба шумор меравад, ки ба Ватан-Модари худ, ба миллат ва халқи худ хиёнат кардаасту карда истодааст. Имрўз дар хориҷи кишвар қарор дораду Тоҷикистони азизу сулҳпарвари моро танқиду маломат мекунад. Гўё ки ҳаёти сиёсии мо ба талаботҳои демократӣ ҷавобгў намебошад. Баъзан давлати моро аз ҷиҳат сохти демократӣ бо давлатҳои хориҷӣ муқоисаҳо мекунад. Мо ҳаминро қайд карданӣ ҳастем, ки демократия – ин қонеъ гардидани талаботҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар мебошад. Қолабҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, давлатҳои Ғарб набояд асос ё ин ки критерия барои мо ба ҳисоб раванд. Хоҳиши шаҳрвандон амалӣ гардад – ҳамон демократия аст.

Барои аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Мақсадҳои ғаразноки худро, ки хоҷагони хориҷӣ супориш додаанд, амалӣ созанд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд? Ҳаминро эълон медорем, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш – хиёнаткор нисбати халқи Тоҷикистон мебошанд!!! Таърих гувоҳ аст, ки ин хиёнаткорон аз амалҳои кардаашон ба асосҳои конститутсионии Тоҷикиситон чи қадар зарару таҳдид овардаанд.

Оид ба дастовардҳое, ки Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон ноил гаштааст, агар иброз намоем 30 сол муҳлат зарур аст. Ҳама сола мо ба комёбиҳои бузург ноил гашта истодаем. Ин ба худи мардуми шарифи Тоҷикистон аён аст – ҳоҷат ба баён нест. Ҳадафҳои стратегии давлатамон ба пуррагӣ амалӣ шуданд. Ин қадар ободиву созандагиҳое, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо соҳиб гардида истодааст, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мо бояд шукронаи ин Ватан кунем, шукронаи ҳаёти осоиштагиамон намоем.

Муҳиддин Кабирӣ боз иғвои худро давом дода, ӯ бо мисол овардани муносибати Саддам Ҳусейн ва писари ӯ, аз мансаб дур гаштани ӯ мардумро ба он даъват менамуд, ки зидди давлат ва ҳукумат бароянд. Чун одат ӯ танҳо аз камбудиҳои Ҳукумат суханронӣ карда, то тавонад мардуми Тоҷикистонро ба инқилобу митинг даъват менамуд. Ҳоло он, ки мо инқилобу митинги инҳоро дар солҳои навваддум дида будем, ки ба чигуна рӯзҳои вазнин моро оварда расониданд. Айни замон ба Тоҷикистон, ки рӯз аз рӯз пеш рафта истодааст фарзандони созанда лозиманд на иғвогар. Мардуми Тоҷикистон аллакай кайҳо аз мақсади ғараз ва хоинии ин нохалафони миллат огоҳӣ доранд ва ҳаргиз ба ин хоинон бовар нахоҳанд кард. Ин хоинони миллат, ки дар Аврупо паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтаанд, маҷбур ҳастанд то зидди давлат бо кадом роҳе набошад мубориза баранд. Зеро агар онҳо барномаҳои зиддидавлатӣ накунанд онҳо аз паноҳгоҳ маҳрум гашта, маблағгузорӣ намешаванд. Барои ҳамин онҳо барои рӯзгузаронӣ ва маблағ баромадҳо карда, Ватани худро то тавонан сиёҳ мекунанд.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ба суханҳои ин хоинони миллат фирефта нашавем ва дар фикри ободии Ватан бошем.

 Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like