Худкардаро даво нест…

Чуноне ки маълум аст, Ҳизби наҳзати исломи аз ибтидои ташкилёбиаш сиёсати баъзе давлатҳои исломӣ ва созмонҳои исломии хориҷиро, ки маблағҳои калон ваъда карда буданд ҷонибдорӣ намуда, фаъолияти ғасбкоронаи худро мехост пурзўр намояд.

Аз ин рў, пас аз таъсисёбии ДИИШ сиёсати террористи ҲНИ боз ҳам фаъол гардид. ҲНИ аз ғалабаҳои муваққатии ДИИШ рўҳбаланд гардида, дар ҷумҳурӣ амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъол намуд.

Дар натиҷаи чунин сиёсат, воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 аз тарафи ҲНИ бо роҳбари узви Шўрои ҳизби исломии А.Назарзода оғоз карда шуд, ки мақсади он ба роҳи яроқ ташкил кардани табадуллоти давлатӣ дар Тоҷикистон буд. Бо чунин амал, ҲНИ ният дошт, ки сохтори конститутсионӣ ва давлати дунявиро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барҳам дода, бо роҳбарии хоҷагони хориҷии худ сохтори сиёсии ҷомеаро бо роҳи ғайриқонунӣ дигаргун намояд. Аммо тири онҳо хок хўрд ва тамоми ҷомеа чунин рафтори ҲНИ-ро маҳкум карда, онро ҳамчун ҳизби экстремистӣ эълон намуда, фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ гардид.

Бо чунин амалиёташ ҲНИ худро ҳамчун  ҳизби сиёсӣ неву, балки чун гурўҳи экстремистию террористӣ нишон дод. Ин ҳизб мехост, бо методҳои зўроварию тарсу ҳарос ба ҷомеа ва ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ хавф расонад. Аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият, моҳи майи соли 1992, дар натиҷаи ҳуҷуми дастаҳои яроқноки ҳизби наҳзат, ки ба бинои Шўрои Олии Тоҷикистон оварда шуда буд, чандин нафар шахсони ҳукуматӣ ва бегуноҳ ҳалок гардиданд.     Маҳз дар он солҳо ки ҷанги бародаркуш номида шудааст, ҲНИ сиёсати экстремистӣ-террористиашро пеша намуда буд.

Пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон сарвари ҲНИ С.А. Нурӣ ваъда дода буд, ки минбаъд ҳодисаҳои гузаштаро ҳизби исломӣ такрор намекунад ва қасам низ хўрда буд.

Аммо раванди ҳаёт нишон дод, ки он ваъдаҳо дурўғ буданд. Аъзоёни ҲНИ дар марҳилаи нав бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ин сиёсати экстремистӣ террористиро асоси фаъолияти хеш дониста, роҳи ғаразноки худро давом доданд. Ва имрўз Муҳиддин Кабирӣ бо истифодаи воситаҳои хориҷии худ мегўяд, ки гўё механизми Созишномаи оштии миллӣ нодуруст ба роҳ монда шуда бошад ва кафилони он сулҳ Русия ва Эрон ба ин ҷавоби ғайрирасмӣ дода бошанд. Гўё ин давлатҳо аз фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон норозӣ бошанду дар айни ҳол аз вазъияти муташанниҷи давлатҳои Сурия ва Афғонистон ба ин масъала беэътино ҳастанд. Инчунин, Кабирӣ мехоҳад ба муносибати Тоҷикистону Ўзбекистон, ки имрўзҳо дар раванди рушди дуҷониба қарор дорад, бо якчанд гуфтаҳои бардурўғаш вазъияти ногувори низоъангезро аз нав барпо намудан мехоҳад.

Имрўз халқи оддӣ ҳар як  найрангу бозиҳои ифлоси сиёсии Кабириро дарк намудааст. Ў худро ҳамчун сиёсатмадор ва ватандўст нишон додани шуда, ҳатто ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дахл мекунад. Лекин вақте, ки ў дар сари вазифа буд ва дар ҷумҳурӣ масъалаҳои зиёди пас аз ҷанги бародаркуш вуҷуд доштанд, ба Кабирӣ ва ҳизбиёнаш гўё ин масъалаҳо дахл надоштанд. Ба ҷои ҳалли ин масъалаҳо аз фурсати ба даст омадаашон истифода бурда замин, биноҳо, корхонаҳоро харидорӣ намуданд.

Имрўз тамоми аҳли ҷомеа бар муқобили зуҳуротҳои номатлуб аз ҷумла экстремизму – терроризм фаъолияти худро ҷоннок намуданд, имрўз халқи оддӣ аз пештар, бештар хушёриву зиракии сиёсӣ доранд ва намехоҳанд он рўзҳои нангину хунини ҷанги бародаркуш, ки тоҷик бар сари тоҷик аслиҳа бардошта буд, баргардад. Дар ин раванд мақомотҳои дахлдори соҳавӣ ҳамҷоя бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рўи барномаҳои мушаххас корбарӣ намуда истодаанд.

Маҳз, ҷавонон имрўз дарк намуданд, ки ватанашонро аз ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгаро эмин нигоҳ доранд ва ғояи ифлосу разили  гурўҳҳои тундравро ба мафкураи худ ҷой надиҳанд. Дини поки Исломро аз ҳаргуна сиёҳу олудаҳо пок созанд. Исломи суннатиро, ки қарнҳо инҷониб бобову падарони мо мепарастиданд ба худ дарк намуданд ва дини мубини исломро аз сиёсати разилу ғайридинӣ фарқ намоянд. Зеро дар он ҷомеае, ки дин мавриди сиёсишавӣ қарор мегирад он дини созанда неву балки сўзанда мегардад. Мисоли равшани онро дар давлати ҳамсояи мо – Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебинем, ки солиёни зиёд вазъияти ҷангӣ доманадор аст, зеро:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

Ва ҳар коре ки Кабирӣ ва аъзоёнаш карда буданд ҳам бар хилофи дину ҳам бар хилофи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мерасад  рўзе, ки Кабирӣ аз карда пушаймон хоҳад шуд.

 

Акмалова М.- декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ДДҲБСТ

You might also like