МАВҚЕИ ШАХСИЯТ ДАР АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА УМУМИБАШАРИИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Дар замони гузаштаю ҳозира иқтидори таълиму тарбия, ақлу заковати бепоёни инсон чунон пеш рафтааст, ки башарият дар таърихи ҳазорсолаи муққадам дар ҳайрат мондааст. Ҷараёни инкишофи ин тағйироти миқдор ва сифати ҷисмии инсон аст. Натиҷаи вусъатёбӣ ин ташаккули одам ҳамчун намуди мавҷудоти зиндаи биологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тараққиёбӣ ва инкишофи ҷисмонии одам ба хусусиятҳои биологӣ вобаста буда, дар худ дигаргунии морфологӣ, биокимиёвӣ ва физиологӣ мегирад. Лекин инкишофи иҷтимоӣ ба рушди психологӣ, рўҳӣ, ақлонӣ хос аст. Инкишофи мафҳуми фалсафӣ буда, гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ба вуҷуд омадани тағйиротҳои миқдорию сифати пешравиро мефаҳмонад. Агар одам ба қуллаи рушди иҷтимоӣ расад, онро шахсияти дорандаи шуури воло ва худогоҳ, қобили фаъолияти мустақилона, пешбаранда меноманд. Одам ҳамчун шахсият таваллуд намеёбад, балки дар ҷараёни инкишоф ба он молик мегардад.

Шахсият ба андозаи аз худ кардани таҷрибаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ва ба андозаи ба қадри ҳол ҳиссаи боздиҳӣ ба ҷомеа, ба хазинаи моддӣ ва арзандагии маънавӣ гузаштан, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Барои шахсият шудан, одам бояд дар фаъолияти амалии худ ноил гардад хусусиятҳои ботинии табиат, шакли ҳаётӣ ва тарбиявиашро интишор диҳад. Инкишофи одам ҷараёни басо мураккаб, давомдор ва боихтилоф аст. Дар ҷисми одам дигаргунӣ тамоми умр давом мекунад, вале хусусан сифатҳои ҷисмонӣ ва олами рўҳии одам айёми кўдакӣ ва ҷавонӣ бошиддат тағйир меёбад. Сифати шахсиятро мафҳуми «фардият» пурра мегардонад. Фардият хусусиятҳои ба худ хоси номонандӣ ва фарқияти як одам аз одами дигарро ифода мекунад. Фардият ҳамчун қоида, бо аломатҳои махсус бо мизоҷ, фаъолияти эҷодии иҷтимоӣ ва рафтори оқилонаи худ комилан ба мафҳуми «шахсият» мутааллиқ аст. Барои он ки нисбати инсон ҳамчун мавҷудияти иҷтимоӣ маълумот диҳем, бояд оид ба мафҳуми «фард» таваққуф намоем. Истилоҳи «фард», аслан арабӣ буда, маънои якка, танҳо, як касро ифода мекунад. Он ҳамчун мафҳуми вакили алоҳидаи насли одамиро мефаҳмонад. Яъне ҳар фарди солимфикр шахсият шуда метавонад. Аз ин нуқтаи назар шахсият дар тўли зиндагӣ инкишофу ташаккул меёбад, аз нигоҳи педагогӣ моҳияти мафҳумҳои «инкишоф» ва «ташаккул» – и шахсиятро ифшо додан зарур аст. Инкишоф пеш аз ҳама раванди дигаргунии миқдории хусусият ва сифатии шахсиятро нишон медиҳад. Инсон таваллуд ёфта, калон мешавад, узвҳо ва системаи организм вусъат меёбад, ба вай нутқ ва сипас захираи луғавӣ пайдо мешавад. Вай хусусиятҳои гуногуни иҷтимоию маишӣ ва маҳорати ахлоқӣ, малакаҳои меҳнатӣ пайдо мекунад.

Ташаккул бошад, натиҷаи инкишофро ифода намуда, ташаккулёбӣ, маҷмўи хусусият ва сифатҳои устуворона ҳосилкардаи шахсиятро мефаҳмонад. Бар илова, ташаккул ин ба шахсият додани ягон шакл ва ё навъи устувору комили муайян, чунончӣ асосҳои фан, ахлоқи шоиста аз ҷониби ягон шахс ё коллективро низ ифода мекунад. Бахусус барои педагогика ва улуми дигар, ки нисбати инкишофи шахсият баҳс мекунанд, ба назар гирифтани сарчашма ва омилҳои асосии инкишоф ва ташаккули шахсият масъалаҳои умда мебошанд. Нисбати ин масъалаҳо файласуфон, психологҳо, педагогон ақидаҳои мухталиф изҳор менамуданд. Ирсият хусусият ва аломатҳои ҷисми зинда, ки таърихан ва тадриҷан аз насл ба насл гузориш мекунанд, ирсият ном дорад. Ирсият хусусиятҳои генетикии дар инсон мавҷуд бударо инъикос намуда, аз волидайн ба кӯдакон гузаштани хусусият ва аломатҳоро ифода мекунад. Илми муосир исбот кардааст, ки организм ба худ рамзи генӣ гирифта, он хислати нигоҳдорӣ ва ба насл гузарониро дорад. Инсон маҳз дар ҷараёни иҷтимои, яъне равобити ҳамкорӣ бо дигар одамон шахсият мегардад.

Ҳаёти воқеӣ, ки дар шароити он одам инкишоф меёбад, муҳит ном дорад. Ба ташаккулёбии шахсият шароити гуногуни берунӣ, аз он ҷумла муҳити ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, мактаб, ҳаёти оилавӣ таъсир мекунанд. Вақте ки сухан дар бораи таъсири инкишофи муҳит меравад, пеш аз ҳама меҳнати иҷтимоӣ ва оила дар назар дошта мешавад. Дар фаҳмиши муҳити иҷтимоӣ сохти оммавӣ, муносибатҳои низоми истеҳсолот, раванди иҷтимоӣ ва дигарҳо дохил мешаванд. Муҳити наздик ин оила, хешовандон ва дӯстон ҳастанд. Ба инкишофи инсон хусусан дар айёми кӯдакӣ муҳити оила таъсири калон мерасонад. Дар хонадон, одатан инкишоф ва ташаккулёбии аввалин ҳаёти инсон ҳалли худро меёбад. Кўдак одатан инъикоси дақиқи оиларо мегирад, ки дар он рушду камолот меёбад.Оила аз бисёр ҷиҳат шавқмандӣ ва талабот, ақида ва ояндаи кўдаконро муайян мекунад. Оила ин узви кӯчаки ҷомеъа ба шумор меравад. Инсон аз муҳити иҷтимоӣ таҳти робита бо дигарон таҷрибаҳои зиндагӣ, тарзи муомила, ҳарфзанӣ тафаккуру ақидаронӣ ва амсоли инҳоро ёд мегирад. Дар инкишофи инсон воситаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама оила, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайраҳо нақши муҳим мебозанд.

Аммо ба муҳити иҷтимоӣ ҳам, гурӯҳҳои носолим метавонад таъсири манфӣ расонанд, чунончи, қиморбозӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ, ғоратгарӣ, бесаводӣ ва ғайраҳо. Вале бояд дар хотир дошт, ки ҳамаро дар як қолаб донишманди мумтоз тарбия кардан мумкин нест. Ҳар кас бо ҳиссаи муайян кардаи ирсият ва муҳит худ инкишоф меёбад. Тарбия таъсири ирсияту муҳитро саҳеҳу тасҳеҳ мегардонад. Баробари тараққиёти истеҳсолоти ҷомеа ва мураккаб гаштани муносибатҳои иҷтимоӣ мунтазам нақши тарбия меафзояд. Дар шароити кунунӣ будани таълиму тарбияи бардавом ва махсус дар зиндагӣ судманд иштирок намудани инсон мушкил аст. Махсусан тарбия ба сифати воситаи ҳалкунанда баромад мекунад, тавассути он барномаи инкишофи иҷтимоии шахсият, рушди қобилият ва аломатҳои модарзодии ў болу пар мекушояд. Ҳамин тавр, инкишофу ташаккулёбии шахсият ва аломатҳои инфиродӣ бо таъсири омилҳои ирсият, муҳит ва хусусан тарбия рушд меёбад. Таълим ва тарбия бо мурури замон мамониятҳои муҳити табиӣ, таъсири иҷтимоӣ ва ҳамчунин дар тарбияи фарзандон саҳву хатоҳои оилавиро низ рафъ ва ислоҳ мекунад. Тарбия ба мақсади гузоштаи инсон итоат мекунад.

Мақсаднок ва системанок таъсирбахшии тарбиятгарон қаблан ба ҳосил кардани иртиботи рефелексҳои шартӣ, ки бо ягон роҳи дигар пайдо намешавад, меоварад. Тарбия ин, пур кардани камбудиҳои барномаи инкишофи инсон.

Яке аз вазифаҳои басо муҳими он – дуруст ташкил кардани раванди тарбия ин муайян кардани майл ва қобилияти фикрӣ, инкишоф додани одам мувофиқи хусусиятҳои инфиродӣ, қобилият ва имконияташ мебошад. Тадқиқоти махсус нишон доданд, ки тарбия метавонад фақат ба аломатҳои гузашташудаи табиат такя намуда, сифатҳои муайяни инкишофро таъмин кунад. Таъсиррасонӣ ба инкишофи одам, худи тарбия аз инкишоф вобаста буда, он мунтазам ба сатҳи ноилшудаи инкишоф такя мекунад. Мураккабии диалектикаи муносибатҳои тарафайн, инкишоф ва тарбия ҳамчун мақсад ва восита дар ҳамин дида мешавад. Муфидии тарбия ба дараҷаи омадагии одам ба аз худ кардани таъсири ирсият ва муҳит муайян карда мешавад.

Одамон ба тарбия як хел дода намешаванд, сатҳи диапазони «гапдароӣ» хеле васеъ аз пурра қабулкунии талаботи тарбия то комилан ба итоатмандии идоравии тарбиятгирандагон давом мекунад. Мавҷудияти «муқовимати тарбия» ҳамчун мухолифияти қувваи зоҳирӣ, ки аз тарбиятгирандагон сар мезанад, натиҷаи охиринро муайян мекунад. Барои ҳамин нақши муайянкунии дақиқро вазъият ва муносибати тарафайни одамон ба раванди тарбия мебозад. Таъсири қувваи тарбиявӣ аз чанд шароит ва вазъият вобаста аст.

Вазифаи тарбия аз он иборат аст, ки бояд «минтақаи инкишофи наздик» гузашта шавад. Шахсиятро он тарбияе ташаккул медиҳад, ки аз қафои худ инкишофро мебарад. Ҷараёни таълиму тарбияи донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёна дар ҳолате бо муваффақият пеш меравад, ки агар муаллимон дар бораи қонуниятҳои тараққиёту ташаккулёбии шахсият маълумоти дуруст дошта бошанд. Инкишофи одам ҷараёни басо мураккаб ва давомдор мебошад. Инкишофи одам бо қисмати ӯ вобастагӣ дорад, ки ҳеҷ кӣ ва ҳеҷ чӣ онро тағийр дода наметавонад. Дар тараққиёту ташаккулёбии шахсият роли тарбия аз ҳама асосӣ аст, зеро тарбия ин ҷараёни мақсаднок, муташакилона ва нақшавӣ аст. Ҳамаи имкониятҳои ирсият ва муҳитро ба як роҳи тараққиёту ташаккулёбии шахсият равона мекунад. Дар зери таъсири тарбия одам аз ҷиҳати фикрӣ, рўҳӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ тараққӣ карда, дар ў чунин сифатҳои баланди ахлоқӣ, аз ҷумла инсондўстӣ, дўстдорию рафоқат, масъулиятнокӣ, ҷавобгарӣ, поквиҷдонӣ, ватандўстию, меҳнатдўстӣ ташаккул меёбанд.

Ҳасанов М.М. – мутахассиси шӯъбаи тарбияи ДДҲБСТ

You might also like