ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ТАРҒИБГАРИ БАДБИНИИ ИҶТИМОӢ
Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки баъди интизориҳову ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз Истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кўтоҳ кишвари мо рў ба тараққӣ ниҳад. Мо тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотираҳо фаромўшшударо дубора зинда гардонем. Бо ташаббус ва кўшиши Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикситони мо зебову обод ва ба як кишвари биҳиштӣ табдил ёфт.
Аммо, баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз хоинон ва хоҷагон ба ном Ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки мехоҳанд, аҳли Тоҷикистонро аз нав ба низоъ андозанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳизби наҳзати ислом соли 1991 дар Ҷумҳурии Афғонистон ва баъдан бо дастгирӣ ва пайгироии Сарвари давлатамон баъди истиқрори сулҳ соли 1997, аз 28 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон низ таъсис ёфта буд.
Лекин аз ҷониби ҳизби мазкур нисбати давлати сохибихтиёрии мо халалдорӣ пайдо намуда, 5 соли охири фаъолият 45 нафар аъзои он ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд. Мақсади фаъолият намудани ҳизби мазкур муайян гашт, ки даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва аминияти давлат мебошад. Маҳз шурўъ аз соли 2010 тавассути рўзномаи «Наҷот» низоми диниро нашр намуда, бар зидди сохти конститутсионӣ нашрҳои бисёр аз чоп мебаромаданд. Бо ин амалҳои худ хостанд сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор созанд.
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Бинобар гуфтаҳои боло қайд кардан бамаврид аст, ки мардум ниёз ба ҲНИ ва айни замон, ки номи худро ба Паймони миллӣ иваз кардааст надорад. Ба мо кайҳо маълум гардидаст, ки ҲНИ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ба ҳама кор қодир аст. Аз ин рў, қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба қатъ гардидани фаъолияти ҲНИ басо мақсаднок ва ногузир мебошад. Мо ҷавонон ҳаргиз намегузорем то ин хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.
Сайфиддинов А. – мутахассиси шуъбаи кор бо тарбияи ДДҲБСТ