НАЗАРЕ БА АМАЛҲОИ ЗИШТИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ
ТЭТ ҲНИ ягона ҳизби сиёсии расмии динӣ дар маҳдудаи пасошӯравӣ ба шумор мерафт.
Муассиси ин ҳизб, Сайид Абдуллоҳ Нурӣ яке аз ҷонибдорони фаъоли ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти пасипардагии худро соли 1973 шурӯъ карда, созмони ҷавонони мусулмон — “Наҳзати исломӣ”-ро таъсис медиҳад, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ пинҳонӣ фаъолият мекард.
Соли 1991 ТЭТ ҲНИ ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, ки намояндагони он дар интихобот иштирок мекарданд. Ин ҳизб натоиҷи интихоботи президентии соли 1991-ро эътироф накарда, ҳамроҳ бо гуруҳҳои дигари мухолифини тоҷик гирдиҳамоиҳои эътирозиро ташкил кард.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) Ҳизби наҳзати исломӣ ба суфуфи Иттиҳоди нерўҳои мухолифини тоҷик пайваст, ки бо Фронти халқӣ дар ҳоли мубориза буд. Беҳуда, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагуфтаанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси ҳизби ҳамакнун фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ, оғоз шуда буд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз масҷидҳои ҳамонвақта, аз ҷониби баъзе муллоҳо ва бо ташаббуси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тибқи қонун ҳизби террористӣ эътироф шуда, фаъолияти он манъ гардидааст, оғоз шуда буд.
Моҳи ноябри соли 1992 дар пайи шикасти иттиҳоди нерўҳои мухолифин раҳбарони ҲНИ ё ба кишварҳои хориҷ фирор ва ё ба шарқи Тоҷикистон паноҳ бурданд. Солҳои 1993-2006 раҳбарии ҲНИ-ро Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бар ўҳда дошта, он замон яке аз чеҳраҳои бонуфузи миёни руҳониён ба шумор мерафт. Баъд аз вафоти Абдулло Нурӣ дар соли 2006 Муҳиддин Кабирӣ раҳбарии ин ҳизбро ба зимма гирифт.
Дар ҷараёни ҷанги дохилӣ, ки баҳори соли 1992 миёни нерӯҳои исломию демократ аз як ҷониб ва “Фронти халқӣ” аз ҷониби дигар шурӯъ шуда панҷ сол идома кард, ҳудуди 150 ҳазор нафар кушта ва беш аз 1 миллион нафар муҳоҷир шуданд. Дар ин давра аз ҷониби қотилони ин гурӯҳ чӣ қадар одамони барӯманд, олимон, сиёсатмадорон, ба монанди Сафаралӣ Кенҷаев, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ ва дигарон бо фармони яке аз роҳбарони ин гурӯҳ, Абдулҳалим Назарзода “Ҳоҷи Ҳалим”, аз ҷумла сарбозони дивизияи “201”-и Федератсияи Руссия даҳшатона кушта шуда буданд. Аз ин лиҳоз, ба қавли ҳарду ҷониби сулҳ, имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми Тоҷикистон дорои аҳамияти сарнавиштсози таърихӣ буда, дар радифи Эъломияи истиқлоли кишвар меистад.
Аммо дар пасманзари ҳодисаи ошӯби Абдулҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015, Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнӯъ намуд. Ба дунбол шуморе аз сарони ин ҳизб боздошт шуданд ва додгоҳ онҳоро барои муддати тӯлонӣ равонаи зиндон намуд.
Субҳи 4 сентябри соли 2015 ба Шӯъбаи корҳои дохилии Ваҳдат ва посгоҳи кормандони пулис дар гардиши фурудгоҳи Душанбе ҳамла сурат гирифт. Мақомот ин ҳамларо кори дасти Абдуҳалим Назарзода донистанд, ки то он рӯз муовини вазири дифои Тоҷикистон буд. Амалиёт алайҳи ин гурӯҳ дар дараи Ромит 12 рӯз давом кард, ки дар пайи он 14 тан аз кормандони мақомоти интизомӣ ва наздик ба 30 тан аз аъзои ин гурӯҳ бо шумули Абдулҳалим Назарзода, кушта шуд.
Тибқи иттилои Додситонии кулли кишвар, генерал Назарзода бо дастури бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ беш аз 20 гурўҳи хурди мусаллаҳ ташкил кардааст, ки мехост бо истифода аз онҳо оромии Тоҷикистонро барҳам занад.
Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ва бо истифода аз ҳар гуна бўҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд.
Боварӣ дорем, ки халқи тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки қотилон ва роҳбарони ҲНИ ҷаҳонбинии устувори сиёсии худро муқобил гузошта, дар пуштибонӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи қавии худро нишон медиҳанд.
Бобоҷонов Д. Р. – асистенти кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ