Иштироки донишҷӯи ДДҲБСТдар чорабинии байналмилалии “Духтарон дар ТИК”

Аз соли 2011 инҷониб Рӯзи байналмилалии духтарон дар ТИК (технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ) ҳамасола ҳар панҷшанбеи чоруми апрел таҷлил мешавад.
Ба ифтихори ин ҷашни ҷаҳонӣ 27 апрели соли ҷорӣ дар платформаи муштараки Барномаи рушди СММ ва ЮНИСЕФ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ чорабинии байналмилалӣ бо номи “Духтарон дар ТИК” баргузор гардид.
Боиси хушнудист, ки Рухшона Ҷамолова, магистранти соли дуюми факултаи молия ва фасилитатори лоиҳаҳо оид ба шуғли фосилавӣ ва саводнокии рақами дар Парки технологии ДДҲБСТ дар чарабинии мазкур Тоҷикистонро дар ду соли охир дар арсаи байналамиллалӣ муаррифи намуда, дар бораи тамоюл, пешрафт ва монеаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ суханронӣ намуд.
Ҳадаф аз ташкил намудани чунин чорабинӣ ин ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба мушкилот ва ҳалли он дар соҳаи ТИК (технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ) байни ҷавонон, бахусус духтарон мебошад.
Қобили зикр аст, ки Рухшона Ҷамолова ҳамзамон хатмкардаи барномаи “Сарварии занон” аз тарафи сафорати ИМА буда, соли гузашта дар тайи панҷ ҳафта дар Коллеҷи Грин Ривери иёлати Вашингтон маҳорати роҳбарии худро омӯхт ва такмил додааст.
Боиси ифтихор аст, ки ин донишҷӯи ДДҲБСТ аз ҷумлаи онҳое мебошад, ки дар чанд барномаҳо ва чорабониҳои ҷаҳонӣ ҷавонони Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Раёсати донишгоҳ ба Рухшона Ҷамолова дар фаъолияти таълимиву касбӣ комёбиҳои беназирро таманно менамояд.

 

You might also like