ТЭТ ҲНИ яке аз иллатҳои соҳибистиқлолият
Истиқлолият бузургтарин неъматест, ки баъди интизориҳову ноумедиҳо барои миллати шарифи мо муяссар гардидааст. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки дар як муддати хеле кўтоҳ мамлакати мо пешрафт кунад. Мо тавонистем, ки он мероси аз ниёгон ба мо мондаву аз хотираҳо фаромўш шударо дубора зинда гардонем. Бо ташаббус ва кўшиши сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикситони мо зебову обод ва ба як кишвари биҳиштӣ табдил ёфт.
Аммо баъди пойдор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон боз хоинон ва хоҷагони ҳизби наҳзати ислом пайдо шуданд, ки Тоҷикистон 30 сол дар оғўши худ парваридааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳизби наҳзати ислом соли 1991 дар Ҷумҳурии Афғонистон ва баъдан бо дастгирӣ ва пайгироии сарвари давлатамон баъди истиқрори сулҳ соли 1997, аз 28 сентябри соли 1999 дар Ҷумҳурии мо Тоҷикистон низ ташкил карда шуда буд.
Лекин аз ҷониби ҳизби мазкур нисбати давлати сохибихтиёрии мо халалдорӣ пайдо намуда, 6 соли охир аъзои он чиноятхои вазнин ва махсуссан вазнинро содир кардаанд. Мақсади фаъолият намудани ин ҳизби мазкур муайян гашт, ки даъватҳои оммавӣ ва барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, халалдор сохтани сиёсати ҷамъиятӣ ва аминияти давлат мебошад. Маҳз шурўъ аз соли 2010 тавассути рўзномаи «Наҷот» низоми диниро нашр намуда, бар зиддӣ сохти конститутсионӣ нашрҳои бисёр аз чоп мебаромаданд. Бо ин амалҳои худ мехостанд барои сарнагум сохтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшиш карда онро халалдор созанд.
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 30 Конститутсия муқаррар гардидааст, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гуруҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи зиёиёни кишварро вазифадор кардаанд, ки дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, пайравӣ ба ақидаву фарҳанги бегона, ғайриқонунӣ фиристодани фарзандон ба муассисаҳои бо ном таълимии динӣ, ки ба амнияти давлату миллат хатар мерасонанд корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ба роҳ монанд.
Инчунин Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки «Касоне, ки аз паси таблиғотчиёни афкору мазҳаби бегона мераванд, дар хотир дошта бошанд, ки мо мазҳаби таҳаммулгароии худро дорем ва пири мазҳаби мо шахсияти барҷастаи олами ислом – Имоми Аъзам Абўҳанифа мебошанд. Мо ҳаргиз мўҳтоҷи ҷаҳонбиниву мазҳаби бегона нестем ва кўшишиҳои сиёсисозии дини мубини исломро қотеъона маҳкум мекунем». Доир ба ҷавонон, ки дар оянда хизмати содиқона карданашонро давлату ҷамъият умедвор аст дар шароити бисёр мураккабу печидаи замони муосир аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ҷавонон бояд шукргузори миллату давлат, пойдор будани сулҳу субот, сохти конститутсионӣ ва давлати демоктарӣ будани давлатамон, аз шароити фарҳоҳам овардан барои гирифтани илму донишро пеша карда, барои пешрафти халқу миллатамон талош варзанд.
Ҷавонони замони муосир доир ба худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастиро хуб дарк карда қавиирода мебошанд.
Бинобар гуфтаҳои боло қайд кардан ба маврид аст, ки мардум ниёз ба ТЭТ ҲНИ надорад. Ба мо маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ ба ҳама кор қодир аст.
Кабирзода Г.Қ. – муалими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ