Юсупов С. – Дермо-кратияи наҳзат

Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баромади Илҳомҷон Ёқубов роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ  шинос шуда ба чунин хулоса омадам, ки баъди ба кор даромадани ҳамаи институтҳои давлатдорӣ, баъди пойдоршудани ваҳдат байни ҳамаи халқиятҳои ҷумҳурӣ, рў ба инкишоф ниҳодани иқтисодиёт, ислоҳот дар самти хоҷагии қишлоқ шахсоне пайдо шуда истодаанд, ки осудагиро оромии халқҳои Тоҷикистонро чашми дидан надоранд.

Он ҳама муваффақиятҳое, ки халқи тоҷик то имрўз ба даст овард бевосита меҳнати мардуми тоҷик бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ёд овардан ба маврид аст, ки дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ вақте, ки номзадҳо ба вазифаҳои давлатӣ пешниҳод мешуд баъзе аз шахсон аз мансаб даст мекашиданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки дар Тоҷикистон ваҳдат намешавад ва институтҳои давлатдорӣ фаъолият карда наметавонад. Гуё Тоҷикистони мо аз руи харитаи олам беному нишон мешавад. Лек ба бахти миллати мо офтоб хандид ва сулҳу ваҳдат ба даст омад.

Дар олам ҳарчанд вазъ ноором ба назар мерасад, муноқишаҳои мазҳабиву миллӣ рў ба афзоиш аст, ифтихори мо тоҷикон аз ин дастоварди бузурги таърихиамон сулҳ ва ваҳдати миллӣ афзунтар мегардад. Мо ба андешаи он бояд бошем, ки ин доди Худованди ва нигаҳдошти онро аз қарзҳои худ бидонем. Имрўз аз ВАО дар бораи нифоқу низоъ дар кишварҳои арабӣ тўли солҳои охир шунидаму ёдам омад, ки баъзеҳо бо андаке камбуд дар ҳаёт фоҷиа месозанд, бехабар, ки ягон сарват дунё ва сулҳу осоиш муқаддамтар нест.

Қисмате аз норозиёни раванди сулҳу оромиши кишвар ҳаққи мардум будани осоишро сарфи назар карда, даъво пеш меоранд, ки гўё баъзе аз мушкилоти иҷтимоӣ, ки  онҳо дар ҳама давлату кишварҳои дигар низ ҳастанд, барои сулҳу салоҳи ояндаи мо хатар эҷод мекунад, аммо ин як кўшиши бесамарест. Халқ ҳидматҳои таърихии сулҳофаронро медонаду қадр мешиносад. Тири муғризонаи бадхоҳон ҳамеша хок мехурад, вале боз ҳам тўли ин қадар сол аз ин амали бесамари хеш даст намекашанд.

Шукр ба Худо мегўем, ки имрўз ҷумҳурии мо осмони соф дорад, халқаш ба меҳнати осоиштаю созанда машғул аст. Бинобар он баромади Ёқубов Илҳом ва Кабириву Шарофиддинро ҳамчун «бахилӣ» ба пешравиҳои Тоҷикистон меҳисобем.

Мо аҳли  устодону омузгорони донишгоҳ  баромади аъзои Алянси Миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Ёқубовро хонда ба чунин хулоса омадем, ки душманони Тоҷикистони азиз аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунанд, ки дар байни мо боз низою нооромӣ ҷорӣ намоянд.  Аммо тоҷикон аз гузашти солҳои пурошўб сабақи кофӣ гирифтаанд. Мо ин баромадро нодуруст меҳисобем ва сиёсати имрўзаи давлатамонро дастгирӣ менамоем. Зеро сулҳу ваҳдат дар мадди аввал меистад.

  Юсупов С. – сармуаллими кафедраи фанҳои

риёзӣ- табиатшиносии муосири ДДҲБСТ

 

You might also like