ТЕРРОРИЗМ ОМИЛЕСТ, КИ РУШДИ МАМЛАКАТРО БОЗ МЕДОРАД

Ватан барои ҳар яки мо чист? Фикр мекунам, ин ҷоест, ки шумо таваллуд ёфта, ба воя расидаед, ҷое, ки ҳамеша мехоҳед баргардед, ҷое, ки худро озод ва хушбахт ҳис мекунед.

Аз таҷрибаи солҳои 90-ум бохабар ҳастем, ки ин хел ашхосдушманони қаттолисарзамини тоҷик, тоқати пешрафти кишвари азизамонро дидан намехоҳанд, миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохта, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон карданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд.

Имрӯз мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардонидани он саъю кӯшиш намоем ва нагузорем, ки монанди М. Кабирӣ давлати орому осоиштаи моро боз ба доми ҷангҳои бародаркуш кашанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон соли 2015 пас аз исёни муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода расман манъ карда шуд. ҲНИТ дар даст доштан дар ин чорабиниҳо ва нақшаҳои тасарруфи қудрат айбдор карда шуд. Қарори мақомот дар бораи эълони террористии ҲНИТ, бузургтарин қудрати сиёсии оппозитсионӣ дар кишвар аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун беасос ва ангезаи сиёсӣ танқид карда шуд. Роҳбарияти ҳизби исломӣ ҳама гуна рабт дар шӯришро рад мекунад.

“Хизби наҳзати исломӣ бо амалҳои нопок мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, чеҳраи аслиашон ба ҳама маълум гашт”. Эътибор диҳед ин андешаи мо нест, балки баҳои яке аз рӯзномаи  бонуфузи “Ал-Аҳром” – и Ҷумҳурии Мисри Араб буда, ҲНИ –ро ҳамчун ҳизби террористӣ муаррифӣ намудааст.

Даъвату ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризму экстремизм дар мисоли ТЭТ ҲНИ   хушдорест барои ҷомеаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд.  Пешвои миллат зикр намудаанд:  “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Тероризм ва экстремизм аз мавзўъҳои меҳварию доғи рўз ба ҳисоб рафта, ҳеҷ як шаҳрванди асили сайёраро бетараф гузошта наметавонад.

Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун узви созмонҳои байналмиллалӣ ниисбат ба ин зуҳуроти номатлуб бетарафи зоҳир накарда, баҳри решакан намудани он ҳамеша талош меварзад.

Ташвишовар он аст, ки аксарияти аъзои гурўҳҳои терористиву экстремистиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва маҳз ҳамин ќишри ҷомеа ба ҳизбҳои тундраву хатарзор шоми мешаванд. Баъзе шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна барои таълими рўзгори худу наздикони худ аввал ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнати рафта, баъдан фирефтаи тарғибу ташвиќи шабакаҳои интернетии гурўҳҳои тундрав шуда, бо маќсади дарёфти маблағ ҳангуфт озими «Давлати исломӣ» мешаванд. Аз ин мебарояд, ки як сабаби дигари майл кардани ҷавонон ба ин гурўҳҳо ҷанбаи иҷтимоӣ низ доштааст. Онҳо хуб медонанд,ки бо шомил шудан ба гўрўҳҳои терористиву экстемистӣ номи худашонро доғдор,падару модар ва хешу аќрабояшонро дар ғаму мусибат гирифтор мекунанд.

Омили дигаре, ки сабабгори шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои терористиву экстремистӣ гардад, аз рўи ҳавову ҳавас пуштибони кардани онҳо аз дини мубини ислом мебошад. Ҳол он ки аз дини мубини ислом пуштибони кардан ва бо ќатлу куштор,балки бо омўзиши амиќи он парҳезгору  ҳалолкор будан ва инчунин бо меҳнати ҳалол ризќу рўзи ба даст оварданд сурат мегирад.

Дар охир замин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад, зеро мо як бор асои худро гум кардем, дигар ба ин кор роҳ намедиҳем, баракс   сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро тарафдорӣ мекунем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар созем.

 

Тошматова М. Д. –  н. и.и.,  дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like