Ҷавоби дандошикан ба наҳзати хоин

Бобати мусоҳибаи Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии Тоҷикистон дар САҲА бо СА.ТV-ро мутолиа намуда чунин хулосабардорӣ  менамоем, ки дар ҳақиқат ҳам Абдуллои Раҳнамо доир ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон,  инчунин вазъияти воқеие, ки дар ҷомеаи мо дар ин соҳа вуҷуд дорад ба телевизиони байналмилалӣ мусоҳибаи  аҷоибе доир намдуааст. Дар ҳақиқат мо шаҳрвандони мамлакат шоҳиди он ҳастем, ки доири дину диндорӣ ва озодии эътиқоду виҷдон дар мамлакат ягон монеае набуд ва ҳоло ҳам нест.

Бояд тазаккур дод, ки дар ҳама ҷо масҷидҳои панҷвақта амал менамоянд, ки  шаҳрвандон  он ҷо озодона рафта намозгузорӣ менамоянд. Мо ҳатто шоҳиди он будем, ки дар дурдасттарин мавзеъҳои Ватани азизамон, ки  теъдоди на он қадар зиёди аҳолӣ дар он ҷо истиқомат доранд, дари масҷидҳо наздиктарини худ рафта истода барои намозгузории хеш шароит доранд.

Дар бобати диндорӣ ва сару либос низ дар ягон ҷой  шахсан камина фишороварӣ ва таъсири ноҳақонаро надидаам. Аксари шаҳрвандон бо сару либоси шинаму зебо ва сару рӯйи тозаву озода ба тоату ибодат машғуланд.

Мо шаҳрвадони Тоҷикистон ташкилотҳои диниеро, ки зери ливои дин барои ташкили гурўҳҳое, ки ба гирифтани ҳокимият нигаронида шудааст, зид мебошад. Ислом дини озодӣ, ростӣ, инсондўстӣ ва покӣ мебошад. Агар имрўз аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳидоятгари роҳи рост мебуданд, ба манфиати давлат ва ҷамъият фаъолият мекарданд. Мутаасифона, аъзоёни ин ҳизб яроқу аслиҳаро пинҳон карда, барои табаддулоти давлатӣ ва ташкили ҷанги шаҳрвандӣ тайёрӣ медиданд. Лек тири онҳо дар табаддулоти моҳи сентябри шикаст хурд.

Барои миллати мо сулҳу субот, оромию тинҷӣ ва ваҳдати миллӣ  аввалиндараҷа ба шумор рафта, ба сиёсати созандаи Сарвари мамлакатамон ҳамроҳ гардида, ҳамчун аъзои ҷомеаи Тоҷикистон барои рушду нумӯи он камари ҳиммат мебандем.

Мусоҳибаи Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии Тоҷикистон дар САҲА ба СА.ТV ба суханҳои дуруғини ТЭТ  ҲНИ ва Паймони миллӣ ҷавоби дандоншикан зад. Аз иштироки хоинон дар ҷаласаи САҲА баҷузъ хоинӣ дигар чизе нест.

Рауфова Ш.М. – ассистенти кафедраи

 иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

 

You might also like