Изҳороти кафедри назарияи иқтисодии нисбати мақолаи “Мазҳакаи илоҳӣ” ва ё чанд андеша дар ҳошияи ҳамоиши САҲА
Мо устодони кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ нуқтаҳои асосии мақолаи Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ» бо номгӯи “Мазҳакаи илоҳӣ” ва ё чанд андеша дар ҳошияи ҳамоиши САҲА-ро пурра мутолиа ва онродасгирӣ менамоем.
Дар ҳақиқат баромади ҷонибдорони Паймони миллиро ҳамчун филми ҳинди тасаввур кардан мумкин аст. Чи хеле, ки муаллиф қайд карданд шаҳрвандони мо аз баромадҳои аъзоёни Паймони миллӣ парво ҳам надорад. Чун, ки аслан ҳадафи САҲА танҳо фароҳам овардани майдон барои баҳс буда, ҳар нерӯи сиёсӣ ва ё гурӯҳи баҳсталаб, новобаста аз мавқеи сиёсиаш, донишу маърифаташ ва сатҳи забондониаш баромад кунад. САҲА вазифадор нест, ки аз рӯи ин «дебат»-ҳо қароре қабул кунад ва ё тасмиме бигирад.
Инчунин тактикаи ҷаласаҳои САҲА-ро, ки бештар минбаррро ба ихтиёри ҳамин «господин молодой человек»-ҳо гузоштааст, маҳкум менамоем. Баромадҳо бояд асоснок ва ба рушди иқтисодии маҳал ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳоли равона карда шавад.
Паймони миллӣ ҳамчун ташкилоти ифротӣ эълон гардид, бо ҳалномаи Додгоҳи олии мамлакат ба руйхати ташкилотҳои террористиву экстремистӣ дохил ва фаъолияташ манъ гардид.
Аҳли устодони кафедраи
назарияи иқтисодии ДДҲБСТ