Изҳороти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ нисбати паймонсозии хоинон

Аз расонаҳои иттилоотӣ огоҳ ҳастем, ки  ТЭТ ҲНИ дар Варшава бо се  ташкилоте, ки худашон  бо номҳои гуногун  бо таврӣ сунъӣ  сохтааст  паймон бастаанд. Дар доираи  ақли инсонӣ намеғунҷад, ки Аҳдномаи қолабиашонро аз хоинии худ нашармида намоиш додаанд, ки бисёр хандадор буд.

Тоҷикистон имрўз заҳмату  талошҳои  мардумро ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд  таҳти  сиёсати  хирадмандона ба роҳ  мондааст. Президент ҳомии Конститутсия ва  қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву  бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон  мебошанд».

Пешгирӣ намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҷинояткорӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва Ҳукумат мебошад.

Тазакур бояд дод,  чаро гуруҳҳои «Мухолифини»-и  Ҳизби наҳзат аз даст доштан дар ҷиноятҳо ба созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ муроҷиат намекунанд. Аъзои ин гуруҳҳои  хурд дар хориҷ кишвар бо маблағхои муфт  ба бозичаҳои дасти хоҷагони хориҷии худ мубаддал гаштаанд дигар  имконияти баргашт надоранд. Ногуфта намонад, ки ғарибӣ ин ғарибӣ аст барои чи инро онҳо дарк намекунанд!

Ақли солимро истифода  намуда гуноҳу айбдоии худро  иқрор карда аз халқи Тоҷикистон узрхоҳӣ намояд, беҳтар аз он, ки дар ғарибӣ ҷон ба ҳаққ месупоред.

Фазои сулҳу суббот, ки имрўз дар тамоми  ҳудуди кишвар танинандоз аст, шаҳодат аз нишонаи дурусти сиёсати давлат мебошад. Ба ҷавонону насли наврас муроҷиат менамоям, ки ба қадри дастовардҳои замони истиқлолият бояд расид. Ва аз суханони бузургон ба саркардагони паймонча чунин гуфтани ҳастем:

Сад бор бадӣ кардиву шарми ту наёмад,

Некӣ чӣ бади дошт, ки як бор накардӣ?

Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи

 консититутсионии ДДҲБСТ

You might also like