РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ КАБИРӢ ХОИНӢ БА МИЛЛАТ АСТ

Таърих собит месозад, ки ҳар кори нек ва ё баде, ки дар зиндагӣ аз ҷониби инсон содир мешавад ҳатман сазояшро дар ин дунё хоҳад дид. Ҳамзамон аз нигоҳи дини мубини ислом низ чунин роиҷ аз аст, ки «агар заррае некӣ кунӣ, мебинӣ ва заррае бадӣ кунӣ мебинӣ».

Бо дарки ин нукта сокинони Ватани азиз барои таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои гул-гулшукуфоии кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Албатта мукофоти амали нек ҳатман сазояш некист. Ин аст, ки мардуми мо бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби кишвар подоши амалҳои неки хешро гирифта, барои расидан ба ормонҳои давлатдории навини миллӣ марҳила ба марҳила мушарраф гардида истодаанд.

Дар ин замина боз иддае аз гумроҳону нохалафоне ҳастанд, ки бо супориш ва ҳидоятҳои хоҷагони хориҷиашон амал намуда, аз пешрафтҳову шукуфоии Ватан дида наметавонанд. Ин нохалафон нақшаву ниятҳои нопок дошта, рисолаташон харобкориву даҳшатафканӣ ва бадномкунии дини мубини ислом аст.

Аз табори чунин нохалафон саркардагони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом мебошанд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбии ин ҳизб роҳашон норавшану номуайян буд ва нақшаву нияти ғаразона доштанд. Онҳо ҳамчун аслиҳа, «робот» ва бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ амал намуда, аз хати кашидаи онҳо берун намераванд. Барои эҳтироми хоҷагонашон ҳатто аз баҳри падару модар, аҳлу пайвандон, зану фарзанд ва азизтарин инсонҳои барояшон муқаддас мебароянд.

Террорист Муҳиддин Кабирӣ аз табори чунин зархаридони хоҷагони хориҷист, ки пас аз мағлубияти ҳизбаш дар интихоботи соли 2015 роҳ ба сӯи хоҷагонаш пеш гирифта, барои амалӣ намудани супоришҳои ғаразноки онҳо аз берун истода кӯшиш мекунад. Борҳо тариқи расонаҳои хабарии хориҷ даст ба бадномкунии миллат зада, мисли саги дайду кораш танҳо аккосзанӣ ҳаст.

Аз рафтори ин гумроҳ маълум мегардад, ки роҳи ояндаи ӯ норавшан буда, ниёзи бештар ба маблағҳову сармояҳои хоҷагонаш дорад. Боварии комил дорем, ки кадом хоҷае, ки барои Кабирӣ маблағҳои зиёде пешниҳод кунад ӯ ҳатман аз баҳри хоҷаи камбағал гузашта ба хоҷаи бой мечаспад ва хоҷаи камбағалро ба хоҷаи бояш хоҳад фурӯхт. Чунин инсонҳое, ки роҳи муайян надоранд ва самти ҳаракаташон норавшан аст бештар ба ҷомеа ва аъзову наздикон хатар доранд ва моро зарур аст, ки садди роҳи онҳоро гирифта, нагузорем, ки ба шуур ва тафаккури насли оянда таъсири ногузири хешро расонанд.

Баромади Муҳддин Кабирӣ дар мавзӯщои гуногун, ки дар шабакаи иҷтимоии ютуб пахш карда мешавад, шоҳиди он аст, ки Кабирӣ бо мисол овардани давлатҳои мусалмонӣ ва инқилобҳо дар он руйпӯшона мардуми Тоҷикистонро ба инқилобу митинг даъват намуда, чунин андеша меронад, ки роҳи боз ҳам беҳтар шудани зиндагии мардум гӯё аз ҳамин митингу инқилоб вобаста бошад. Мо албатта инқилобу митинги наҳзатиёро дидем, ки дар солҳои 90-ум Тоҷикистонро ба кадом ҳолат оварданд ва чӣ қадар ба Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ зарар овард.

Аз ин лиҳоз, мо ба ягон “ғамхории” Кабирӣ эҳтиёҷе надорем ва дубора ҳаргиз ба суханҳои наҳзатиён бовар нахоҳем кард. Тамоми кӯшишҳои ин хоинони миллат ба монанди Кабирӣ дар роҳи боз ба ҷанг кашидани Тоҷикистон бефоида буда, мо мардуми Тоҷикистон ҳаргиз ба суханони инҳо бовар нахоҳем кард.

 

Саломов Д. – мудири бахши

кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like