Дини мубини Ислом ба ягон мубаллиғи ифротӣ эҳтиёҷе надорад  

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ иттилоот нақши муҳим мебозад, чун бештари бозиҳои сиёсӣ, ҷанги кишварҳои абарқудрат, муборизаҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ бо пахши иттилооти махсуснигаронидашуда сурат мегирад, на ба бомбу куштор, тирзаниву тарконидан. Касе иттилооти зиёд ва таъсирбахш пахш менамояд ба ҳадафи худ мерасад, ғолиб дониста мешавад. Ҷанги иттилоотӣ метавонад ҷамоаҳои алоҳида, гурӯҳҳо ва шахсони алоҳидаро дар бар гирад. Ҷанги иттилоотӣ доимӣ буда он на танҳо дар давраи муборизаи мусаллаҳона, балки дар давраи осоишта низ давом меёбад ва шакли душвортарини муқовимати иттилоотӣ мебошад.

Вобаста ба ин, имрӯзҳо хоинони миллат аз он ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамфикрони ӯ аз хориҷи кишвар қарор дошта, бо мақсади паҳн намудани ғояву ақидаҳои иғвоангезонаи худ ва бо мақсади расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда истодаанд.

Хушбахтона мардуми шарифи Тоҷикистон аз мақсадҳои нопоки М.Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ хуб бохабар буда, намегузоранд, ки хоинони миллат бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фазои иттилоотии кишварро вайрон намоянд. Дар вақтҳои охир фаъол гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар самти мубориза бо хоинони миллат аз он гувоҳӣ медиҳад.

Вале, М.Садриддин то ҳоло аз мақсадҳои нопок ва ғаразнокии худ даст накашида, акнун мехоҳанд боз ба шакли пешинааш фаъолият намуда, дар хориҷи кишвар бо ташкилотҳое, ки мубаллиғони ифротиро омода менамояд ҳамкорӣ менамояд, то аз онҳо кӯмаки молиявӣ гиранд.

Аслан ҳаракати мубаллиғӣ ё ин, ки миссионерӣ ин ҳаракати нав набуда, дар замонҳои пеш ва асрҳои миёна низ мустамликадорон барои боз ҳам васеъ намудани ҳудуди худ, яъне забти дигар давлатҳо аз фаъолияти миссионерон васеъ истифода менамуданд.

Миссионерӣ ва ё мубаллиғӣ яке аз шаклҳои фаъолияти динӣ ба ҳисоб рафта, бо мақсади паҳн намудани ғояву мақсадҳои худ дар дигар минтақаҳое, ки мардум дигар дин ва равияро парастиш менамоянд ба роҳ монда мешавад. Вале, манбаъҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки миссионерон танҳо барои забт ва ба итоати худ даровардани халқиятҳои дигар аз ҷониби мустамликадорон истифода бурда мешуданд. Дилхоҳ давлатҳо ва халқиятҳое, ки дар асрҳои миёна аз ҷониби мустамликадорон забт карда шудаанд, агар мо ба таърихи забткориашон назар афканем сараввал онҳо ба давлати забтмекардаашон миссионерон ва ё мубаллиғонро ирсол намудаанд. Ин гуна мубаллиғон дар намудҳои гуногун аз ҷумла ба ҳайси омӯзгорон, савдогарон, ҳунармандон фаъолият намуда, мақсади асосии онҳо бурдани корҳои миссионерӣ ва ҷосусӣ ба ҳисоб мерафт. Онҳо ба фаъолияти мубаллиғӣ машғул гашта, бо суханҳои бардурӯғ фикру ақидаи мардумро мағзшуйи ба истилоҳ монипулироват мекарданд. Мағзшуйи ва ё монипулироват бошад, ин фикру ақидаи дигаронро ба монанди фикронии худ кардан мебошад. Барои ин, усулҳои дурӯғ гуфтан, роҳҳои пинҳонӣ ва зӯрии ҷисмониро истифода мебурданд.

Мутаъсифона дар замони мо низ нафароне, ҳастанд, ки аз сустиродагии баъзе мардумон истифода намуда, ба чунин корҳо даст мезананд.

Албатта аз ҷониби Тоҷикистон борҳо ба наздикони шахсони мазкур таъкид гардидааст, ки фарзандони худро аз роҳи мазкур баргардонанд, вале мутаъсифона онҳо ё баргашта наметонанд ва ё аллакай фирефтаи ифротгароён шуда, баргаштан намехоҳанд.

М.Садириддин, ки тариқи онлайн баромад намуда, боз аз сиёсати давлату ҳукумат норизогӣ менамояд бо ин амалаш бори дигар хоин ва душмани асосии мардуми тоҷик буданашро исбот мекунад. Мақсади номбурда ва пайравони ӯ тариқи чунин барномаҳо ин тарбия кардани ҷавонони тоҷик дар руҳияи террористӣ ва равона кардани онҳо бар зидди Тоҷикистон мебошад.

Мо сокинон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз фаъолияти чунин шабакаҳои ҷосусӣ огоҳ бошем, то ки наздиконамон ба доми ин мубаллиғон наафтанд. Нагузорем, ки наздиконамон ҳаргиз ба ин гуна гурӯҳҳои террористии кишварҳои хориҷӣ ҳамроҳ гарданд, зеро бояд ошкоро гӯем, ки барои онҳо дар оянда дар Тоҷикистон ҷой пайдо нахоҳад шуд. Аз волидайне, ки фарзандон ва ё хешу таборашон то имрӯз дар ин донишгоҳи бузурги терроризм таълим мегиранд хоҳиш дорем, ки фарзандони худро аз он ҷо даъват карда баргардонанд, то ки душмани миллати хеш нагарданд.

Мо ҳамавақт дар сари худ як фикр, ин ҳам бошад фикри ободии Ватанро дошта бошем. Ҳар нафаре, ки зидди Тоҷикистон сухан меронад бояд фирефтаи онҳо нагашта, бо ақли солим фикр намоем, ки мо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагонӣ дорем. Мо бояд фикр кунем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сад дар сад ҳамаи шаҳрвандон шабро дар хонаи шахсии худ бо шиками сер саҳар мекунанд, на дар кӯчаву дигар ҷойҳо бо шиками гуруснаву сарсонӣ, сад дар сад бехатарӣ таъмин буда, агар лозим ояд шабро бе қулф кардани хонаи дарамонро саҳар мекунем.

Албатта ягон далати дунё бемуаммо намешавад, ҳамаи давлатҳои дунё аз он ҷумла давлатҳои тараққикарда низ муаммо доранд. Ва мо мардуми шарифи Тоҷикистон бояд бо меҳнати ҳалоламон дар зери фазои сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ бояд кӯшиш намоем, ки зиндагиамонро аз ин ҳам дида беҳтар намоем. Нагузорем, ки хоинони миллат ба монанди М.Садриддин ва ҳаммаслакони ӯ ба мақсадҳои нопоки худ расанд ва Ватани азизамонро боз ба ҷангӣ шаҳрвандӣ кашанд.

 

Ахмедов Ш.Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like