ТЭТ ҲНИ душманони истиқлолиятанд
Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрўзҳо дар арсаи байналмилалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон озодии виҷдон, озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд дорад. Ҷанги дохилӣ аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва ҳисороти азими иқтисодӣ гардид.
Имрўз, ҳангоме ки мардум дар фазои мусбии тағйирёфтаи сулҳу субот ва оромию таъмини амнияти мардум хаёт ба сар мебаранд, мебояд, ки ҳамагон конунҳои давлатиро қатъиян риоя намоянд. Имрӯзҳо шахсоне, ки мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд ин ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ мебошанд. Маҳз роҳбарияти ҲНИ манфиати шахсии худро аз манфиатҳои ҷомеа боло гузошт.
Гарчанде дар аввал таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию ифротгароӣ доштаро содир намуда, айни замон дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд. Албатта, ин амалҳои онҳо боис шуд, ки мардуми тоҷик аз ҳадафҳои нопоки онон огоҳ гардад.
Хушбахтона 18-марти соли 2015 ба хотири иртибот ба ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳиди муссалаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҳарбӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо эзоҳе ворид гардида буд, ки зикри онро бори дигар ба мақсад мувофиқ меҳисобам: «Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ, дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухурдҳои мусаллаҳона ё амалётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ даст мекашанд, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад».
Тағйир додани фикру назари ҷалбшудагон аз рӯи барномаҳои махсуси таҳриргашта амалӣ шуда, ноаён вориди зеҳн ва диди ҷавонони гумроҳу ноогоҳ гардидан як тарафи кор буда, аз дигар тараф бо таъсири бештари идеалогияи таҳрибкор ва манфиатҷӯи кишварҳои худкома аз шаклу навидҳо ва воситаҳое корсозӣ менамоянд, ки ҳар шахси иродаи суст дошта вориди ин («вербовка», «истиқдом», «мағзшӯӣ») тахаюлот мегардад, метавонад ба андешаи ботил фарогир гарида, дар ҳоли калавиш қарор гирад.
Мо ҳангоми тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” боз ҳам шоҳиди амалҳои манфуронаи аъзоёни ҲНИ мешавем ва аз кирдорҳои нангини онҳо бори дигар огоҳ мегардем.
Ҳоло мардуми шарафманди Тоҷикистон ба фаъолияти аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки аз шабакаҳои гуногун баромад мекунанд, боварӣ надоранду онҳоро маҳкум мекунанд.
Муҳитдинов М. – дотсенти кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ