ҶАҲОНБИНИИ ҲУҚУҚӢ ВА МУАММОҲОИ ТАШАККУЛИ ОН

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ – низоми мутадили нигоҳи ҷамъият, шахсият, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои гуногун ба ҳуқуқ ҳамчун асос ва омили асосии инкишоф ва пешбарандаи  ҷамъият, таҷрибаи ҳуқуқиро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи андешаи миллӣ, шарти устувори инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои фаъолият ба ҳисоб меравад.

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ин шакли дарк кардани ҷаҳон, ки дар доираи он муносибатҳои субъектҳо «муносибатҳои ҳуқуқӣ» дар асоси баробарии тарафҳо, баназаргирии манфиати тарафҳо ба роҳ монда мешаванд фаҳмида мешавад.

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ яке аз принсипҳои асосии муносибатҳо миёни шаҳрвандон бо институтҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки дар ин асос назарияҳои давлати ҳуқуқбунёд пайдо гардиданд.

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ дар ҳама шакли давлат ва ҷамъият вуҷуд дорад, ки аз ҳамдигар бо мазмун ва арзишҳояшон фарқ мекунанд.

Дар доираи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ шуури ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ, фаъолияти қонунэҷодкунӣ инкишоф меёбад риоя ва амалишавии қонунҳо ба роҳ монда мешавад.

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ истилоҳи гуногунҷанба буда, дараҷаи аз ҳама олии камолоти ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Мутаносибан мебояд дарк сохт, ки густаришбахшии ин дараҷаи камолоти ҳуқуқӣ дар одамон кори мураккаб ва басо заҳматталаб мебошад. Аз ҷумла С.С. Алексеев ҷаҳонбинии ҳуқуқиро бо вазъи огаҳии ҳуқуқии аҳли ҷомеа, дараҷаи устувории қонунияту қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, сатҳи татбиқёбии меъёрҳои ҳуқуқӣ дар фаъолияти амалии сохторҳои ҳомии ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ тавсиф медиҳад.

Аз нигоҳи шахсии мо фарҳанги (маданияти) ҳуқуқӣ чун падидаи олиташкил ва фарохдомани иҷтимоӣ дар доираи хеш зерсохторҳои камолоти ҳуқуқиро, ки дар ҷараёни иҷтимоишавии (сотсиализатсия) ҳуқуқии шахс пайиҳам тавлиду ривоҷ меёбанд, муттаҳид мекунад. Ба ин зерсохторҳо пеш аз ҳама зинаи аввали камолоти ҳуқуқӣ: дониш, фаҳмиш ва тасаввурот, ки дар зинаи дуувум ба: маърифату тафаккури ҳуқуқӣ бадал меёбанд ва сипас: шууру психология ва эътиқоди ҳуқуқӣ дохил мешаванд. Илова бар ин, чун дар таърифи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ишора гардид, ки ин падида на фақат дар шуури одамон, балки зоҳирёбии он дар рафтори ашхос низ мушоҳида мегардад, бинобар ин ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ фарогири зинаҳои нисбатан олитари камолоти ҳуқуқӣ: муносибат, маҳорату малака ва одати ҳуқуқӣ ҳам мебошад. Зимнан, ба хотири таъмини дарки мантиқан саҳеҳи ин сохтор бори дигар ёдовар мешавем, ки зинаи ниҳоии камолоти ҳуқуқиро худи ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ташкил дода, шуури ҳуқуқӣ бошад, унсури асосии он маҳсуб меёбад.

Барои инкишоф додани ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ дар корхонаву муассисаҳо, донишкадаву мактабҳои миёна, хулоса дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа омўхтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии давлат бояд ба роҳ монда шавад, ки ин боиси тарбияи инсони наве мегардад, ки аз ҳуқуқу озодиҳои хеш дифоъ карда метавонад. Зеро маҳз чунин инсон қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ҳимоя намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

 

Қобилов Б.Қ. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

You might also like