Изҳороти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ нисбати иштироки хоинон дар ҷаласаи САҲА
Гуруҳе бо номи Паймони миллӣ собиқ ТЭТ ҲНИ имрӯзҳо худро як қисми ҷомеаи шаҳрвандӣ унвон карда, дар давлатҳои Аврупову Амрико аз худ қаҳрамонсозӣ мекунанд. Гӯё, ки ба онҳо давлату ҳукумат дар доихли Тоҷикистон имконият надода бошад. Лек ин дуруғи маҳз аст. Зеро баъди содиркардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусанвазнин ба мисоли ифротгароӣ, табаддулоти давлатӣ, фуруши ғайриқонунии маводи мухаддир ном баровардаанд. Аз санаи 16 то 26 сентябр дар шаҳри Варшава ҷаласаи солонаи САҲА доир гардид, дар қатори намояндагони расмии Тоҷикистон, боз аъзоёни Паймони дуруғин ва наҳзатиёни хоин бо роҳбарии Кабирӣ ширкат ва суханронӣ карданд.
Вокуниш ба хабарҳои иғвоангези шахсони ҷинояткор ба мисоли Илҳом, Алим ва Шарофиддин нисбати сохти давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ғазабнок мекунад. Он шахсони ғаразнок аз дур истода фитнаҳои худро баён менамоянд. Аз дастовардҳои муҳими аҳли ҷомеаи кишвар, хуб гаштани ҳолати иҷтимоии шаҳрвандон, аз баланд гаштаистодани нуфузи обрўи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, душманони мо хеле дар изтиробанд.
Халқи дурандеши Тоҷикистон аллакай роҳи дурахшони худро интихоб кардаанд ва ҳеҷ гоҳ аз ин роҳи рост намегарданд. Иштироки хоинон дар ҷаласаи солонаи Варшава аз шикасти онҳо дарак медиҳад. Дар охир гуфтаниам, ки душманони миллат бо иғвоҳои ғаразноки худ, сари худро мехуранд.
Аҳли устодони кафедраи
тарбияи ҷисмонӣ ДДҲБСТ