БАҲРИ МАНФИАТИ ИНСОНИЯТ

Барои инсоният дар марҳилаи имрўза дар қатори дигар муаммоҳо масълаи об низ яке аз муаммоҳо гардидааст. Тавре олимон иброз менамоянд, давоми ду аср ҳарорати  иқлим як дараҷа гарм гардид, ки он боиси обшавии пиряхҳо гардидааст.

Ба ѓайр аз ин зиёд гаштани партофҳои газӣ ба табиат ҷараёни обшавии прияхҳоро тезонида истодааст. Чунин вазъият ба ҷомеаи ҷаҳонӣ олами набототу ҳайвонот хатари калон дорад.

Бинобар ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси оиди соли 2025-ро эълон гардонидани соли ҳифзи прияхҳо баромад карданд, ки он 14 декабри соли 2022 СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи прияхҳо” эълон гардидани 2025 ва 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии прияхҳо” ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд якдилона қарор қабул кард.

Дар воқеъ прияхҳо захираи обии ошомидани барои инсоният ба шумор меравад. Обшавии прияхҳо дар баробари норасоии об муаммоҳои дигар ба монанди барҳамхӯрии шаҳрҳои бузургу баъзе давлатҳо мегардад.

Чунончӣ, олимон пешгӯи менамоянд, ки дар натиҷаи обшавии прияхҳо дар ҷаҳон шаҳрҳои Лондон, Ню-йорк, Санкт-Петербург, давлатҳои Австралия, Дания,Ҷумҳуриҳои Прибалтика, Япония ва боз даҳҳо шаҳрҳою давлатҳои дигар ба зери об монда барҳам мехӯранд.

Олимон пешгӯи менамоянд, ки обшавии прияхҳо дар соли 2050-ум барои болошавии сатҳи об дар ҷаҳон мегардад.

Таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди эълон гардидани “ Соли 2025 – соли ҳифзи прияхҳо” давлатҳои ҷаҳонро даъват менамояд, ки бояд онҳо дар баробари ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ бояд ба масъалаи ҳимояи захираи об ва сарфакорона истифода намудани захираҳои об даъват менамояд.

Бояд қайд кард, ки дар Конститутсияи ҳимояи давлатҳо қайд шудааст, ки инсон арзиши олӣ мебошад, бинобар ин давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ вазифадоранд, ки баҳри таъмин кардани ҳаёти осоишта барои инсон тамоми чораҳоро андешанд.

Аз ин нуқта таклифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри манфиати инсоният равона карда шудааст.

 

Одинаев А. -датсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like