Иқдомҳои байналмилалии Пешвои миллат-сабабгори баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон

Пирях яке аз боигарии асосӣ ва манбаи асосии оби ширину мусаффо маҳсуб меёбад. Сарчашмаи ҳамаи дарёҳо аз пиряхҳо вобаста мебошад.  Қариб 6 фисади масоҳати ҷумҳуриамон пиряхҳо буда, майдони умумии он 8476,2 километри мураббаъ аст. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Мутаасифона имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Антарктида, Арктика ва Гренландия мушоҳида менамоем. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланди Созмони миллали мутаҳид андешаронӣ карда, чунин таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст.Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Албатта маҳз чунин мушкилиҳо аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба амнияту оромӣ ва суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳои дунё хатар эҷод менамоянд.

Инчунин аз ҷониби Пешвои мамлакат баҳри муҳофизати об ва пешгирии обшавии пиряхҳо якчанд санадҳои муҳим қабул карда шудаанд ки бар нафъи умум аст.

Суханронии навбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷашни Наврӯзи оламафрӯз мебошад.

Наврӯз ифодаи рӯзи нав буда,дар саросари ҷаҳон дар шакли Наврӯз талаффуз мешавад, ки аз таърихи халқи ориёӣ ва гузаштаи қадим ҳамчун сарчашмае дарак медиҳад. Наврӯз бо вуҷуди таъқиботи зиёди аҷнабиён дар мамлакатҳои Шарқ ҷашн гирифта мешуд ва то кунун бархост.

Оид ба ин ҷашни бостонӣ дар сарчашмаҳо маълумотҳои гуногун вуҷуд дошта, он баъд аз даврони истиқлолият бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Боиси хурсандист, ки дар қатори манбаъҳои таърихи ҳамчун меросӣ маънавӣ ва миллӣ ба рӯйхати Юнеско ҳамчун иди мамлакатҳои Шарқ дохил шудааст.Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ дӯсти ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то  нн замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз ҷанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта то ба замони имрӯзаи мо расида омадааст.

Моро мебояд, ки бо ин меросӣ аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли асрҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна  ғазандҳо, фишороварию ғаспнамоии душманони аҷнабӣ ки пай дар пай ба хоку марзи ин Ватан  ҳуҷум мекарданд,боқӣ мондааст.

 

Қодиров С. С. – донишҷӯи курси 3, факултети сиёсатшиносӣ ва МБ

You might also like