Қаллобии Муҳаммадиқбол Садруидинов
Аз рўи расонаҳо ва хабарҳои иттилоотии ватанӣ ба мо маълум гашт, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов яке аз инсони палиди ватанфурўш буда, баҳри манфиати худ шахсони соддадилро ба фирефтаи худ гирифта аз маблағхои пулии онҳо даромади калон ба даст овардааст. Илова бар ин аз рўи маълумотҳои омории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки ин ашхоси беватан даҳ сол қабл ба чунин роҳҳои фиребгариву ифротгароӣ машғул буда, яке аз пайравони М.Кабирӣ кору фаъолият менамудааст.
Қобили қайд аст, ки ин хоинони миллат ҳаминро бояд бидонад, ки аз оғози солҳои истиқлолият то инҷониб ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо халқу мардуми осоиштаи ватандусташ мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуда, ба маълумотҳои бардуруғ ва гуфторҳои заифонаи чунин инсонҳои ба мисоли М.Кабирӣ, Ш.Гадоев ё ин марди бе номуси хоини ватан Муҳаммадиқбол Садруидинов ҳаргиз бовар нахоҳад кард. Зеро ҳамагон медонанд, ки аллакай дар тӯли даҳ соли охир ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо халқу мардуми заҳматкашаш ба дараҷаҳои баланди байналмиллалии ватандориву ватанпарастӣ расида, ба ҳадафҳои миллии худ ноил гаштааст.
Аз ҳамин лиҳоз бояд, қайд кард, ки Муҳаммадиқбол Садруидинов метавонад андаке сабр намояд, зеро мақомотҳои волоии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин инсонҳои бе ватани палидро намегузоранд, ки бо чунин сафсатаҳои бардуруғи худ моро ба фирефтаи худ гирифта ҳамчун ғуломи худ созанд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дере нагузашта мақомотҳои волии ватанӣ ҳамачониба корҳои кофтуковии худро мустаҳкам намуда, чунин қаллобони хоини ватанро дастгир менамоянд. Мо ҳамагон намегузорем, ки ватани орому осоиштаи моро ин махлуқотони ҷондори бераҳм халалдор созанд.
Пайравони М.Кабирӣ оё медонед: инсоне, ки дар тахти болоии ватани худ менишаст ва қалби пок, муҳаббат нисбат ба ватан, пешравии миллату давлаташро барои худ ҳамчун як вазифаи асосӣ лоақал хушбахтии оилаи худ меҳисобид бояд аз чунин орзуе, ки на ба ҳамагон насиб мегардад даст накашида ба ватани бегонагон ҳамчун хоини давлат ва гуреза намешуд. Гуфтаҳои расмии Кабирӣ ва пайравонаш аз ҷумла Муҳаммадиқбол Садруидинов дар пояи ҳақиқат нест. Зеро дар солҳои пешина роҳбарияти кишвари азизамон барои М.Кабирӣ боварии комил пайдо намуда бо мақсади боз ҳам пурзур намудани сулҳу суботи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳизби амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ-ро барои фаъолияташон бо пуррагӣ иҷозат дода М. Кабириро ҳамчун роҳбар интихоб намуданд. Лек сад афсус, ки ҳадафҳои асосии М. Кабирӣ ва пайравонаш ин дидаву дониста ноором сохтани миллату давлат, хунрезии бегуноҳон, қашоқиву сарсонӣ фарзандони тоҷик будааст.
Сараввал бояд чунин қайд кард, ки Ш. Гадоев ба мисли Муҳаммадиқбол Садуридинов ҳеҷгоҳ барои осудагиву оромии Тоҷикистон, ватани худро тарк намекард. Чунки ӯ агар орзӯи дар ҳақиқат ободии ватанро медошт, пеш аз ҳама бо мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистони сӯҳбат ороста барои дастгир кардани ашхоси ба мисоли ӯ гунаҳкор ва инчунин шахсони гумроҳшудагон, заррае саҳми худро мегузошт, то ки барои боз ҳам пурзур намудани сулҳу субот, амнияти миллӣ ҳамчун шахси ғариби пушаймоншуда асос меёфт. Вале сад афсус, ки аз ҳамон расонаҳои пешинаи (видеоролик) Ш. Гадоев хулосае бармеояд, ки Муҳаммадиқбол Садуридинов низ айни замон барои боз ҳам идома додани фаъолияти худ берун аз ватан ба аҳли ҷомеа маълумотҳои бардурӯғ расонида барои муттаҳам кардани дигарон кӯшиш ба харҷ мегирад.
Дар қисми хулосавӣ ҳаминро қайд кард, ки мо бо боварии комил гуфта метавонам, ки иғвогарону бефарҳангон наметавонанд мафкура ва тафаккури мардуми бофарҳанги миллати тоҷикро халалдор созанд. «Нест бод гуфтаҳо ва пайравони заиф ва хоини миллат Мҳаммадиқбол Садруидинов».
Қӯзибоева Б.М. – Н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ДДҲБСТ