ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПОЯГУЗОРИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тавре маълум аст, обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд. Тағйирёбии иқлим пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ  вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои  манфӣ оварда расонад.

Ба мо маълум аст, ки Тоҷикистон захираҳои ғании об дорад. Дар кишвари мо қариб 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ки  манбаи асосии ин обҳоро захираҳои пиряхии минтақа, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, ташкил медиҳанд. Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд, ки то имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шудааст, ки дар оянда ин раванд метавонад оқибатҳои хеле вазнинро ба бор орад. Вобаста ба ин санаи 3 – юми марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва  оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуданд. Дар ин робита Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.

Боиси хушнудист, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Дар робита ба пешниҳоди Тоҷикистон, қабул гардидани қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо бори дигар ин амрро тасдиқ намуд, зеро имрӯз дар ҷаҳон тақрибан ягон минтақае нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад ва бино ба таҳлилҳо, агар саъю талошҳои муассири муштарак анҷом дода нашавад, масоили мазкур аз ин бештар печидаву мураккаб хоҳад шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти мавзуи мавриди назар ва ширкати фаъол доштан дар пешбарии рӯзномаи ҷаҳонии об ва таъмини платформаи муколамаи сиёсӣ, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид конфронсҳои байналмилалии сатҳи баландро ташкил ва мизбонӣ менамояд. Ин нишастҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун “Раванди Душанбе оид ба масоили марбут ба об” эътироф намудааст, ки бешубҳа ба мақоми байналмилалии Тоҷикистон таъсири мусбӣ мерасонад. Обрӯю нуфуз ва мавқеи устувори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз эътироф кардааст, ки Пешвои миллати тоҷикон ташаббускори панҷ иқдоми бузург: “Соли байналмилалии оби тоза” (2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015), “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018 – 2028), Соли ҳифзи пиряхҳо (2025) ва эълони 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд ва ҳар яки он барои аҳли башар ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Боварии комил дорем, ки бо ҳидояту роҳбарии Пешвои миллат, ки ташаббускори ин қатъномаҳо ҳастанд, Тоҷикистон ҳамаи иқдомҳои созандаи худро то ҳадди ниҳоӣ муваффақона анҷом хоҳад дод.

 

Миралиева М. О. – омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like