Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм бояд пурзур карда шавад

Терроризм аз оғози асри нав  аниқтараш аз 11- сентябри соли 2001 муборизаи фаъол ва кушодаи худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода таҳдиди навро барои тамоми ҷаҳон ва дар алоҳидагӣ барои ҳар як давлати мустақил эълон дошт. Маҳз аз ҳамин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки бо ин зуҳуроти асри худ дар танҳои мубориза бурдан судбахш набуда, баракс   барои пешгирӣ, бартараф намудан ва решакан намудани  ин вабои аср муборизаҳои қатъии дастаҷамъонаии худро бояд оғоз намуд. Дар ҳақиқатан ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар қатори онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти асри худ омодабошии хаматарафаи худро иброз намуда буд.

Ҳанӯз, дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22. 04. 2002 иброз намуда буданд, ки: «Дар баробари сар шудани муборизаи пурвусъат ба муқобили терроризми байналмилалӣ Тоҷикистон мавқеи худро ошкоро эълон намуд ва барои амалиёти муваффақиятнок ба хотири аз байн бурдани парваришгоҳҳои терроризм ва экстремизм дар Афғонистон аз ҷониби худ тамоми чораҳои имконпазирро андешид.

…роҳбарияти Тоҷикистон ин сиёсати худро минбаъд низ идома хоҳад дод,  то ки Афғонистон дигар на пойгоҳи терроризми байналмилалӣ,  экстремизм ва на маркази қочоқи маводи мухаддир,  балки як кишвари ором ва ҳамсояи осуда бошад.  Ҳамчунин,  бо мақсади ҳукмфармо гаштани сулҳу амнияти пойдор дар Афғонистон мо бояд ба ин кишвар кўмаку дастгирии худро дареғ надорем».

Инак 20 – сол мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо терроризм ва экстремиз муборизаи фаъол ва кушодаро бурда истодааст. Дар ин давра бо вуҷуди муборизаҳои қатъӣ ва истифодаи қувва терроризм ва экстремиз натанҳо несту нобуд карда нашуд балки он торафт мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд намуда, балки ҳудудҳои навро зери таъсири худ қарор дода истодааст. Сабаби чунин пешравии ин гурўҳҳо:  муборизаи нокофии дастаҷамъонаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ, бетарафии бархе аз давлатҳо, бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, истифодаи ин қувваҳо барои мақсадҳои сиёсӣ ва геополитикии бархе аз давлатҳо ба ҳисоб рафта, сабаби паҳн шудан ва то ба ташкил намудани давлати худ бо номи Давлати Исломӣ оварда расонид.

Яъне бетарафӣ, нофаҳмиҳо байни давлатҳо сабаби дар дохили давлатҳои мустақил (Сурия, Ироқ,) пайдо шудани давлати нави террористию экстремистӣ гашт.

Мувофиқи баъзе маълумотҳои дар расонаҳо паҳншуда намояндагони 80- давлати дунё гайриқонунӣ дар давлати ба ном Давлати Исломӣ иштирок намуда истодаанд. Агар ҳамин давлатҳо муттаҳид шуда, бар зидди ин зуҳурот мубориза баранд умед аст, ки онро нобуд месозанд.

Кишвари мо, ки аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии худ бо ин гурўҳҳои ифротгаро рубарў шуда буд, оқибатҳои онро хуб дарк намуда аз рўзҳои аввали эълони мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамаҷониба онро дастгири намуда дар мубориза бо он омодабошии худро изҳор намуда то ба имрўз бар зидди ин зуҳурот дар алоҳидагӣ ва дастаҷамъона муборизаи бе амон бурда истодааст.

Айни замон ҳар яки мо аз ҳодисаҳои Афғонистон огоҳӣ дорем. Агар масъалаи терроризм дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон роҳи ҳалли худро наёбад, пас минтақа ба пуррагӣ аз имкониятҳои ин созмон бархурдор шуда наметавонанд.

Дар баробари ин мо ки бо ин давлати ба мо дўсту ҳамсоя сарҳади тўлони дорем, бояд ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна гурўҳҳо ва ҳизбҳои ифротгаро майл набандем. Чунки он далатҳое, ки зиракии сиёсиро аз даст доданд дар кадом вазъият имрўз қарор доранд ба мо хуб маълум аст ва ҷои ёдовар шудани онҳо нест.

Бинобар ҳамин нигоҳ доштани сулҳу субот, тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ба мерос гузоштани давлати тинҷу ороми тарақикарда ба наслҳои оянда аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Ва ин маҳсулияти гарон пеш аз ҳама бар дўши мо ҷавонон мебошад, чунки ҷавонон пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Мо бояд сабру таамулро  пешаи худ намуда, барои расидан ба мақсаду мароми худ бо меҳнати ҳалолу номи нек кор кунем, то ки фарзандони мо дар оянда аз мо фахр намоянд.

 

Давлатов У.Н.Ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ                                 

You might also like