Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми меҳнатқарини кишвар дар тӯли 31 – соли  Истиқлолияти давлатӣ  марҳилаҳои пурпечутоби таърихи навини худро аз сар гузаронид ва ба санҷишҳои зиёде рў ба рў гашт. Тоҷикистон аз як кишвари  иқтисодиёташ ба бўҳрони марговар дучор гардида, имрўз ба кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфт.

Дар замони истиқлолият кишварамон бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хўрокворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар кишвар иншоотҳои бузурги саноатӣ, маданӣ-маишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, муассисаҳои мактабиву томактабӣ, биноҳои пурарзишу замонавии мактабҳои олӣ сохта шуданд. Сулҳу осоиштагӣ, фазои ороми ҷомеа, рушди босуботи тамоми самтҳои хоҷагии халқ ҳамаи ин бо шарофати истиқлолият мебошад.

Дар ин радиф бо ибтикору ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурге ба сомон расонида шуд. Яке аз онҳо ин 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок намуда,  оид ба масъалаҳои об ва иқлим суханронӣ намуда буданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки мисли прияхҳои Арктика, Антарктида ва Гренландия вазъи пиряхҳои Помир низ ташвишовар шуда истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Боис ифтихор аст, ки маҳз бо талош ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуда, минбаъд аз оғози соли 2025 ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.

Ҳама ин ташабусҳо  боиси он гардид, ки дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор  гардиданд. Санаҳои 21-24 марти соли равон Конференсияи оби  СММ нишонаи якдилона қабул намудани пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи созмонҳои бонуфуз ва жаҳониён мебошад.

 

Азизова Г.А.– ассистент- коромӯзи

кафедраи сиёсатшиносӣ

You might also like