САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШРАФТИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ҳақ аст фикре ки обро сарватҳои бебаҳои табиат арзёбӣ карда, асоси пайдоишу пойдории олам шуморидааст. Сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам аз истифодаи оқилонаи манбаҳои обӣ вобаста мебошад. Бешубҳа дар он ҷое, ки об фаровон ҳаёти зинда, ободонӣ ва хушбахтиву комронӣ танинандоз мебошад.

Ҳастии инсонро бидуни об наметавон тасаввур кард, зеро нарасидани об ҷисми инсонро заиф ва мариз намуда, ба заволи он сабаб мегардад. Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши рустаниҳо, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд. Об неъмати бебаҳост.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи истифодаи оқилонаи об, ҳифзи манбаи тавлиди об корҳои зиёди воқеиро анҷом дода истодааст ва далели гуфтаҳои боло сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ – 2023 таъкид гардид, ки дар кори конфронс иштирокчиён яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим – об, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, баррасӣ гардид.

Дар воқеъ дар фикри ибрознамудаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон об сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра арзёбӣ шуда, таъкид доштанд, ки мо бояд ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.

Хулоса, масъалаи муҳими замони ҳозира истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи манбаи тавлиди он ба шумор меравад. Агар об сарфакорона мавриди истифода қарор гирад, софу беолоиш будани он таъмин гардад, ҳаёти солими бидуни мушкиливу муаммоҳое ба монанди беморӣ, камбағалӣ таъмин мешавад.

Солиев И.М. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like