Пуштибонии ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ –ифтихори мо
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти кишвари азизамон дар баромади худ дар конфронси СММ оид ба масъалаи об баромад намуда иброз доштанд, ки об сарчашмаи асосии ҳаёт маҳсуб меёбад ва Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги оби ошомиданӣ мебошад. Ва инчунин, таъкид намуданд: «Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш мебарад.
Бо ибтикори ҷониби мо Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намудааст ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор гузоштанд.
Албатта, дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои узв ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим мебозанд.
Тоҷикистон низ ҳамасола аз офатҳои табиии марбут ба об хисороти зиёди молию ҷонӣ мебинад.Ин ҳолат ба талошҳои мо барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.
То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сеюним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.
Ҳамасола қариб ним миллион одам аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасад».
Дар ҳақиқат об ин нодиртарин мавҷудот барои ҳаёти инсон аст. Мо ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон баромади Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо як рӯҳияи баланд пешвоз гирифтем, чунки дар байни дигар мамлакатҳои дунё аввалин шуда ин иқдомро аз номи Тоҷикистон ду даҳсолаи охир Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуда сарварӣ менамоянд, ки ин фахри ҳар як шахси ватандӯст мебошад.
Мо медонем, ки Тоҷикистон дар саргаҳи оби мусаффову тозатарин вуҷуд дорад ва бе об мондан ба тоҷикистониён таҳдид намекунад. Аммо маҳз аз тарафи Президенти Тоҷикистон пешниҳод шудани иқдоми ҳифзи пиряхҳову оби тоза аз он далолат медиҳад, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ғамхори миллату Тоҷикистонанд, балки ҳаёти осоиштаву арзандаи инсониятро хоҳонанд ва пайваста барои он талош меварзанд, ки ин боиси сарбаландӣ ва ифтихори мо мебошад.
Аҳли омӯзгорони кафедраи забони русии ДДҲБСТ