Ҷудоиандозии ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИ дар Тоҷикистон

Ҳайати омӯзгорони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ амалу рафторҳои хоинонаю разилонаи ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро бо сарварии  Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш қатъиян маҳкум менамоянд. Чунки ин ҳизби мамнӯъгардидаи ҲНИ аз солҳои аввали пайдошавиаш то рӯзҳои охирини баста шуданаш бо ҳаммаслакони худ ба кишвари мо танҳо ҷангу ҷидол, ҷудоиандозию қатлу ғорат ва бесарусомониро овардасту халос.

Бо вуҷуди чунин амалҳои пасту разилонаи ин ватанфурушон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  таҳкими сулҳу субот дар кишвари ҷангзадаи мо як маротиба аз гуноҳи ҳамаи онҳо гузашт.  Лекин ин кӯрнамакон чун пештара амалҳои хоинона ва ҷудоандозии хешро дар байни мардум аз хориҷи кишвар идома  дода истодаанд. Ин ноинсофон боз мехоҳанд, ки миллати тоҷик дубора ғарқи хун гардад. Онҳо пешравию дастовардҳои дохилӣ ва хориҷии кишвари моро нодида гирифта, ҳар гуна дурӯғу буҳтонҳоро нисбати он аз хориҷи  кишвар паҳн мекунанд, ки ин аз ҳақиқат дур мебошанд.

Амалҳои ношоистаю разилонаи  ин ҳизби мамнӯъгардидаро на танҳо шаҳрвандони кишвари мо, балки шаҳрвандони кишварҳои хориҷа, ки солҳои 1992 –юм дар кишвари мо истиқомат доштанд ва айни ҳол дар қайди ҳаёт мебошанд, шоҳиданд.

Амалҳои разилонаи худро ҷонибдорони ин ҳизб барои бо роҳи ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда низ давом додаанд. Чунин рафтори ҷинояткоронаи онҳо сабаб шуд, ки соли 2016  ҲНИТ ба Феҳрасти ташкилотҳои террористии Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ ворид карда шуд.

Мо кулли устодону кормандони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии ТЭТ ҲНИ камари ҳиммат баста, зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар бадхоҳони миллати тоҷик буда, аз ин бешарафони бадтиннати намакзада дурӣ ҷуста, намегузорем фазои ороми муқаддаси Ватанамонро дубора  ғуборолуд гардад.

 

Ҷомеаи меҳнатии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

 

You might also like