ТЭТ ҲНИТ САРЧАШМАИ ПАЙДОИШИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои Шаркӣ мусалмонӣ мебошад. Давлатдории дунявӣ аз назари инсоф ҳам ифротгарои атеистӣ ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз мебошад, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарк оташи чангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои  дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа мехисобанд.

Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешкаши мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ – демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатогӣ ба шумор меравад.

Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо чой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломии Точикистон харакати мардумии “Растохезки баъди интишори қонун “Дар бораи иттиҳодияхои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. ТЭТ ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва аҳидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд.

Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ афтида аз зиндагии мустакилонаи худ дур шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ, ки натиҷаи он дар  Сурияи Араб ва Ироқ боиси ҳалок шудани бисёр ҷавонон гардид. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он тарафи вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995  миллати тоҷик дар марзҳои Авғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази курбониҳои ҷонӣ ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиегии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд.аз ин ҷост ки Ҷумхурии мо яке аз кишварҳои камшуморест ки муқобили ин кабил озмоишхои ракобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро макоми худ кардааст.

Фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбгарошуда корвони худро аз мамлакатхои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатхои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёҳӣ дӯстдорони дини ислом корҳои душманонаи онҳоро бароварда истодаанд.

Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз харвакта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми точикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ  ҳамавақт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Хамаи намудхои фаъолияти ХНИТ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо карори Суди Конститутсионии Чумхурии Точикистон фаъолияти ин хизб дар худуди чумхурӣ катъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯхи ифротгароию терористӣ тақкозо менамояд ки мо сади рохи амалӣ шудани ниятхои онхо шавем ва хамеша дар корхои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

 

Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like