НАҲЗАТИҲОИ НАМАКЗАДА

Орифе фармудааст:

Аз ҳамватани оқи падар менолам,

В-аз бехирадони бесамар менолам.

Аз тоҷики раҳгуми бародаркуши худ,

Чун шаршараҳо шому саҳар менолам!

«Ҳазрат»-и Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хоинони қотилу беномус ғайр аз он, ки аз хориҷа маблағ ва силоҳ мегирифтанд, инчунин халқи меҳнатқарини тоҷикро дар баромадҳои дуруғини худ, ки пур аз ақоиди «Ихвон – ул – муслимин» (бародарони мусулмон), ки аз мазҳаби «Ваҳобия» сарчашма мегирад ба гумроҳӣ бурда аз мазҳаби аслии худ дур сохтан мехостанд. Аммо аз нақшаву амалҳои нопоки наҳзатиёни намакзада фарзандони шуҷоатманди Ватан хабардор шуда, ҳаммаи фисқу фвссоди ин худобехабаронро рӯи об бароварданд.

Таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолии кишвар нишон дод, ки наҳзатиён ба ғайр аз ҷудоиандозӣ дар байни мусулмонон, куштори ноҷавонмардонаи ҳазорҳо ҳамватанони худ, гирифтани маблағҳои бедардимиён аз хоҷагони хориҷа, таҷовуз ба номус, терроризм, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, исёни мусаллаҳ, зархаридӣ дигар кореро иҷро накардаанд.

Наҳзатиён чун Кабирӣ ва ҳамсафонаш пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба аҳди худ вафо накарда, чун морҳои сари Заҳоки аҳриманӣ хуни ноҳақ рехта, аз сурфаи давлат нон хурда, баъдан пой бар намакдони давлат задаанд, ки намакзадаи халқу миллат ҳисобида мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби аъзоёни ТЭТ ҲНИ 560 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир карда шудааст ва воқеаи хунини 4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат нақшаву амалҳои ноҷавонмардонаи раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ мебошад.

Дар тӯли фаъолияти худ ТЭТ ҲНИ бо мақсади аз байн бурдани фарҳангу тамаддуни ҳазорсола, урфу одат, мазҳаб ва арзишҳои олии давлату миллат талош намуданд то ходимони илму фарҳангро ба монанди Нурулло Ҳувайдуллоев, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Моёншо Назаршоев, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Ҳабиб Сангинов ва дигаронро бо зарби силоҳ ба қатл расониданд.

«Ҳазрат»-и Кабирии фирорӣ бояд донад, ки халқи тоҷик аз фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни баландпояи он, ки худро ҳомии дини мубини ислом меҳисобиданд хуб онҳоро шинохтааст ва дигар ба доми онҳо нахоҳад гирифтор шуд. Ин буд, ки ту худ аз ватани аҷдодӣ фирор карда худро зери қаноти хоҷагони бегонаат гирифтаӣ.

“Ҳазрат”-и Кабирӣ! Ту дар қишлоқи Қасамдара ба дунё омада имрӯз ба аҳди худ вафо накарда, қасамзада ва намакзадаи дастурхони давлату миллат шудаӣ, ки гуноҳи азими нобахшиданист! Имрӯзҳо гоҳ – гоҳ вохӯриҳои худро ноҷавонмардона бо чанд тан оқи падар дар давлатҳои хориҷӣ доир намуда, мехоҳӣ сафи худро бо ваъдаҳои дурӯғин зиёд намоӣ ва давлати ободу соҳибистиқлоли тоҷикро бадном кунӣ.

Эй, шӯрапушти оқи падар! Ту ҳамоне мебошӣ, ки барои маблағу сарват шуда аз мазҳаби худ рӯй гардонидаӣ ва дар ду олам ҳеҷ вақт замини муқаддас ҷисми чунин ашхосро зимни фавт қабул нахоҳад кард.

Кабирии мазҳабфурӯш! Ту бояд хуб бидонӣ, ки дар замони 72 соли салтанати Шӯравӣ дар Тоҷикистон 17 адад масҷид фаъолият мекард, иддаи ночизи шаҳрвандони кишвар берун аз Тоҷикистон ба таълими динӣ фаро гирифта шуда, ҳамагӣ 30 нафар озими Хонаи Худо гардида буданд. Имрӯз ту ва ҳамсафонат бояд бидонед, ки дар муддати 30 соли истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 4000 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият доранд, 230 ҳазор шаҳрвандон тариқи расмӣ Хонаи Худоро зиёрат кардаанд.

Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маводи сарчашмавӣ ва илмии исломӣ аз соли 2000 инҷониб дар ҷумҳурӣ маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 китобу рисолаҳои динӣ, аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим, «Тавсири Табарӣ» (дар ду ҷилд), «Муснад» -и Имоми Аъзам, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Кмиёи саодат» ва «Эҳёи улуми дин»-и Муҳаммад Ғаззолӣ, «Маснавии Маънавӣ», «Шамоили Набавӣ» тарҷума ва нашр карда шудаанд, ки эҳтиром ба дини мубини ислом ва мазҳаби оламшумули ҳанафӣ мебошад.

Эй, бародари ғофилмонда! Ту ва ҳамаслаконат агар чунин ғамхориҳоро нисбати дини мубини ислом надонед, вой бар ҳолӣ туву ишқмандонат.

 

Олимов Д.Р. – асистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like